Categories Uncategorized

Боздиди сафирони аврупоӣ аз Хоруғ

Чанд тан аз сафирони кишварҳои аврупоӣ сӯбҳи имрӯз ба  хотири боздид аз  вилоятиМухтори Кӯҳистони Бадахшон озими Хоруғ шуданд.

Дар ин бора сухангӯйи сафорати Британиё дар Тоҷикистон Фарҳод Набиуллоев хабар дода, бо ишора бар ин ки  миёни онҳо сафири Британиё Робин Орд-Смит низ мебошад, чунин афзуд: “Ҳадафи асосии ин боздиди намояндагони хориҷӣ аз Хоруғ ошно гардидан бо вазъи сиёсию иқтисодии кунунии вилояти Бадахшон мебошад”.

Бояд гуфт, тайи ду моҳи ахир бори нахуст аст, ки сафирони кишварҳои хориҷӣ ба ин вилоят сафар менамоянд. Зеро масъулони давлатӣ то ин дам бо назардошти мулоҳизоти амниятӣ барои намояндагони хориҷӣ иҷозаи рафтан ба ин минтақаро намедоданд.

More From Author

You May Also Like