Ахиран бо сар задании ошӯбҳои зиёди мардумӣ дар кишварҳои арабӣ, Амрико ва бархе кишварҳои дигар барои мардумиро аз дасти раҳбарони худкома халос кардан, таҳримотеро алайҳи ин ё он кишвар роҳандозӣ кардаанд. Давлати сарсахти Лукашенко борҳои маззаи чунин таҳримҳоро чашидааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар тамоми ин таҳримҳо бештар мардуми оддӣ азият мекашад, на онҳое, ки бояд подош бигиранд. Дар ҷомеаи маданӣ ниёзҳои мардум бештар аз он чизе аст, ки бархе давлатмардон тасаввур мекунанд. Президенти ИМА Барак Обама эълон кард, ки барои Башор Асад раҳбари Сурия роҳи ягона рафтан аз вазифа буда, ӯро таҳримҳои ҷиддӣ интизор аст. Пас аз агар умури давлатдориро дар ҷаҳон роҳбарони қудратхоҳ ба танзим дароранд , оё ин ба нафъи ҳамаи миллатҳо буда метавонад? Президенти Беларусия Лукашенко бо он ҳама диктаторияш ба ин нукта ишора карда буд, ки вақте мардум мусибат доранд, бархе кишварҳо боз мусибати халқро бо андешидани таҳримҳои замонавӣ зиёдтар менамояд. Имрӯз вазъият дар Баҳрайн хуб нест, раҳбарони ин кишвар ба муқобили мардум иқдомоти носанҷидаеро анҷом медиҳанд. Аммо, мутаассифона, ба лашкаркашии низомиёни Арабистони Саудӣ барои саркӯб кардани мухолифони яманӣ касе эътироз накард. Аз сӯи дигар дар саҳнаи байналмилалӣ низ касе аз раҳбарони лашкаркашиҳо напурсид, ки ин ҷо ҳуқуқи инсон поймол мешавад. Аммо вазъият дар Либия ва Сурия ба гунаи дигар аст. Бояд роҳбарони ин кишварҳо дар додгоҳи ҷинойии байналмилалӣ барои бархӯрди носолимашон бо халқ ҷавоб гӯянд. Аз ин ки мардуми Фаластин дар натиҷаи муҳосираи сарҳадоташ аз хӯрокаву доруворӣ маҳрум гаштааст, ба ин манзараҳо бо чашми пӯшида нигоҳ карда мешавад. Ба кассе пӯшида нест, ки раҳбарони қудратҳои бузург ба сиёсати раҳбарияти Исроил хомӯшона менигаранд. Дар рӯзи якшанбеи хунин дар сарҳадоти Фаластин аз сӯи низомиёни Исроил чандин нафар куштаву захмӣ гардидаанд, аммо ҳамоно дар ин саҳна бозингарон бо мақсаде ҷамъ меояду бо сукут ҳукм меронанд. Итминон дорам, ки агар ин амал аз сӯи Исроил не, ягон кишвари дигар сурат мегирифт, пас ҳатман чораи аниқ нисбати роҳбарияти ин кишвар таҳим эълон карда мешуд. Дародвар он аст, ки агар маблағи ин афрод(роҳбарони худкома) ба «ҳабс» гирифта шавад ҳам, пас боз онҳо аз халқашон онро рӯёна мегиранд. Мардуме, ки ба ҳамаи хурду бузург ошкор аст, дар натиҷаи ин гуна таҳрим сахт азият мекашад. Аз таҷриба маълум аст, ки роҳбарон дар тамоми замон бо доштани захира худро аз ҳар гуна ҳаводис эмин доштаанд. Мутаассифона, натиҷаи ин таҳримҳо боз ҳам ба халқ паёмади сангине доштааст. Дар мисли рӯшан муҳосираи Ғазза аз сӯи раҳбарияти пешини Миср ба он оварда расонд, ки мардуми аз набуди ғизо ба бемориҳои гуногун мубтало гарданд. Ба гумони инҷониб роҳҳоеро бояд ҷустуҷӯ намуд, ки эъмоли ҳар гуна таҳрим ба хотири Башор Асадҳову Қаззофиҳо ба пайкараи мардум –халқ осеби ҷиддие нарасонад. Зеро агар аз таҳримҳо халқ осеб бинад, ҳимояти дурӯғин аз адолат, озодӣ ва демократия ба ҳ еҷ кишваре обрӯ намеоварад.
Н. Акбарзод .