Ҷамили Солеҳ, махсус барои nahzat.tj
24.05.2012, 18:00
Оё Вазорати корҳои дохила аз ин ҷиноят хабар дорад?
28-уми феврал Алишер ном сокини шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар), наздикии шаҳри Хуҷанд, духтари Авазхон Абдураҳмонов – Дилфузаро дар кӯча мезанад ва духтар гирён ба хона бармегардад. Чун модараш Замирабону аз амали беадолатона огоҳ мешавад, ба шавҳараш – Авазхон, ки он замон дар шаҳри Чкалов буд, занг мезанад. Авазхон тавассути телефон ба корманди ШКД-и Табошар, Мардонқул Қозихонов хабар медиҳад, ки милиса пеши роҳи ҷинояткорро бигирад, вале касе намеояд.
Баъди ду соат ҳамсари Авазхон боз занг мезанад, ки бародари Алишер Фарид шабона ба хона зада даромада, аҳли оиларо тахдид ба куштан мекунад, аммо касе намеояд. Хушбахтона, ҳамсоядухтарҳо – Фотима, Зуҳро ва Гулӣ намегузоранд, ки авбош зуроварӣ кунад. Баъди ним соати воқеаи нохуш Авазхон ба хона расида меояд ва боз ба ШКД хабар медиҳад, вале кормандони ҳифзи ҳуқуқ намеоянд. Боз субҳи 29-уми феврал ҷабрдида маротибаи саввум ба милиса занг мезанад, онҳо ҷавоб медиҳанд, ки бо сабаби вобаста буданашон ба бозии футбол дар шаҳри Хуҷанд кори ҷабрдидаро ба бегоҳ мемононанд.
Аҷабо! Агар ҳамон замон дар Истиқлол кушторе мешуд, милисаҳо бо баҳонаи футбол аз пайи он ҷиноят намерафтанд? Шояд ин ҷо гап дар бораи ҷиноят неву мансубияти Авазхон ба ҲНИТ меравад? Ё наҳзатию мулло барои Тоҷикистон шаҳрвандони дуюмдараҷаанд?
Тахминан соати ҳашти пагоҳӣ дар майдончаи назди бинои 38 панҷ нафар, ки дуи онҳо – бародарон Алишер ва Фарид, сокинони ҳамин шаҳранд, Авазхонро, ки барои аз асли моҷаро бохабар шудан ба кӯча баромада буд, мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Ҷабрдидаи хунолуду зарбхӯрда ба ШКД меравад ва ба муфаттиш, Абдураҳмонов Абдулатиф воқеаро нақл мекунад. Баъди дидани ин манзара, Абдураҳмонов ҷабрдидаро ба Маркази экспертизаи судиву тиббии вилоят ва аз он ҷо мудири Шӯъбаи шаҳодатгардонии МЭСТ-и вилояти Суғд – Маликшоев Р. Авазхонро ба беморхонаи вилоятӣ барои муоина мефиристад. Шукри Худо, бемории ҷабрдида ба дасти духтури поквиҷдон, духтури шӯъбаи ҷарроҳии асаб – Ашӯров меафтад ва табиб холисона вазъи ногувори беморро дида, ӯро дар шифогоҳ бистарӣ месозад.
Мутаассифона, ин одамони ваҳшисират шикори оилаи Авазхонро идома медиҳанд. Дар он лаҳзаҳое, ки Авазхон ба Хуҷанд равона мешавад, ҳамсараш Замира аз тарси вуқуъи ягон нохушӣ ба шавҳараш парешон шуда, ба кӯча мебарояд ва хоҳари Фарид – Зулайхо ӯро латукӯб мекунад. Аз байн чанд моҳ аз зарбу лат гузашта бошад ҳам, то ҳол модари чор фарзанд – Замира аз дарди сар азият мекашад ва аз он метарсад, ки боз кӯдаконаш осеб набинанд. Намедонад, ки пагоҳ оилаи онҳо дар чунин муҳит чӣ тавр умр ба сар мебаранд.
Давоми як ҳафта нафаре аз кормандони ШКД-и Табошар аз ҷабрдидагон напурсиданд, агарчи хонаводаи онҳо ба он ҷо хаттӣ муроҷиат карда, нусхаи дуюми аризаро дар худ нигоҳ намедоранд ва ё рақами қайди муроҷиатро ба ёд намегиранд, ки бисёре аз мо аз ҳамин норасоиҳои дониши ҳуқуқиамон мавриди бозичаи конундонҳо қарор мегирем.
Шояд гуноҳи Авазхон Абдураҳмонов ҳам ҳамин, ки ӯ узви ҲНИТ аст?
Азбаски ҷабрдида шахсияти нисбатан фаъоли ҷомеа аст, баъди як ҳафтаи беҳтар гардидани вазъи саломатиаш аз беморхона ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ: 2-21-21-21 дар тамос шуда, шикоят мекунад ва подполковники милиса, Ҷумъаев ваъда медиҳад, «пуху прах»-и Табошарро мебарорем». Ростӣ, ба ин ибораи русии «пуху прах» он қадар дуруст сарфаҳм нарафтам, вале ҳамин қадар маълум, ки бо гузашти беш аз якуним моҳ, муносибати милисаи Табошар ба ин ҳодиса бетағйир боқӣ монд. Ба ҳар сурат, мо ба ваъдаи подполковник умедвор ҳастем, ки «пуху прах»-и Табошарро мебарорад ё умеду эътимоди мардум аз телефони «Боварӣ»-и Рамазон Раҳимов гусаста мешавад.
Пас аз як ҳафтаи ин ҳодисаи зӯроварии авбошон, нависандаи ин сатрҳо ҳамроҳи корманди радиои «Озодӣ», Маъсуми Муҳаммад бо хоҳиши номзади илм, муовини раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд – Додоҷон Ёқубов аз ҷабрдида дидан намудем, ки ҳоли хуб надошт. Авазхон давоми якуним моҳ дар беморхонахои Хуҷанду Табошар табобат гирифт ва аз табибоне, ки имон ва виҷдонашонро нафурӯхтанд, миннатдор аст, вале на ҳамаи онҳо дар омода намудани хуҷҷатҳои лозима, ки асоси парвандаи ҷинояткорон аст, бо виҷдони пок муносибати беғараз нишон доданд. Чунончи мудири шуъбаи асабшиносӣ – Барот Эргашевич Рӯзиев ташхиси клиникиро «Дистонияи вегетивӣ бо хасташавии асаб»?!! нишон додааст, ки гӯё, Авазхон ҳамин хел бо асаби хароб ба беморхона афтида бошад, агарчи ба ҳар духтур маълум аст, ки дилбеҳузурӣ ва партофтан натиҷаи зарб хӯрдани мағзи сар аст.
Дар натиҷаи ҳамин муносибати хунукназаронаи духтур, Рӯзиев ва коршиноси суди тиббӣ – Маликшоев Р. экспертизаро ин тавр хулоса намудааст, «Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ бемории беморхонаи клиникавии вилояти Сугд айни ҳол Абдураҳмонов А. С. ба бемории «дистонияи вегетативӣ бо хасташавии асаб» гирифтор мебошад, ки ин бемории мустақил (яъне ҷисми ӯ худ аз худ ба ҳамин ҳол гирифтор шудаасту касе ба ӯ зарар нарасонидааст. Ҷ. С. ) ҳисобида шуда, мавриди муайянкунии дараҷаи зарари ба саломатӣ расонида шуда, ба инобат гирифтан имконнопазир мебошад.» (Аз хулосаи коршинос 20.04.12.)
Дар урфият мегӯянд, ки ҳақиқат қат мешавад, вале намешиканад. Бо он имоне, ки ба Худои қодири беҳамто дорам, мутмаъинам, ки ҷузъиёти ин ҳодиса дер ё зуд ошкор ва дасти авбошони бераҳм, ки ёди касро ба сартарошидаҳо (скинхедҳо)-и рус меорад, баста хоҳад шуд.
Аммо аз мақомот пурсиданиам, ки пушти авбошону ҷинояткорон ки меистад? Ҳарчанд, аз маркази ВКД ваъда медиҳанд ки ҳатман чораи ин бесарусомониро дида мебароянд, аммо чаро кормандони ҳифзи ҳуқуқ вазифаи қонунии хешро, ки ҳимоя аз мардуми оддӣ аст, анҷом намедиҳанд? Ва чаро мардум аз масъулин талаб намекунанд, ки ба ин зуҳуроти нохуш, ки осоиши мардумро халалдор месозад, ҳар чӣ зудтар ҷинояткор ба сазои ҷурмашро бигирад, то ҳар шахси муштзӯр биандешад ки воқеан ҳаёт, номус ва ҳуқуқҳои фитрии мардум сарфи назар аз мансубияти ҳизбияшон ё маҳал дахлнопазир аст ва ҳама назди қонун баробаранд? Аз ҳама муҳимаш, магар духтури сафедпӯшро мезебад, ки сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ шарҳ диҳад?
Барои аз наздик шинос шудани ин қазия ба шаҳри Истиқлол сафар намудам. Дар қади роҳи Хуҷанд – Табошар дар истгоҳи роҳи Консой якчанд бех ниҳоли тут нав сабз шуда буд. Нигоҳи маро пай бурда, як мӯсафеди табошарӣ нақлам кард, ки Авазхон Абдураҳмонов ба хотири Ислом ва хидмат ба мардум ин тутҳоро бо оби кашида аз масофаи дур сабзондааст. Ӯ тани танҳо мекӯшад як гушаи ноободи кишварро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ обод намояд. Гумон мекунад, ҳама дилҳо мисли дилаш соддаю ҳама мардон мисли худаш мардона рафтор менамоянд.
Аммо ӯ бехабар аз он ки дар гирду атрофи манзилаш нафароне зери бағал санги хусумат ва адоватро нигоҳ дошта, рӯзе ноҷавонмардона ва дастҷамъона панҷкаса мавриди латукӯбаш қарор медиҳанд. Барои ин хидматҳои некаш милиса, духтур ва ҷинояткор гӯё як шуда, мехоҳанд чунин мардони хайрхоҳу ҳалолкорро, ки номи неку соҳиби эҳтиром доранд, ҳамеша зери фишору тарс қарор гиранд, то ҳарфи ҳақ нагӯянду ҳизберо, ки бо сад ормон пайвастааст, тарк кунад.