Зимни суханронӣ роҳбарони аҳзоби сиёсӣ аз камбудиҳо ва норасоиҳо ба Ҷумъахон Давлатзода ёвари ҳуқуқии президенти кишвар ва Сафир Маркус Мюллер, роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҳарф заданд.
Дар мизи мудавваре бо иштироки роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ доир ба омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Рустам Латифзода, раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон қайд кард, ки баргузории интихобот собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои демократӣ қадамҳои устувор мегузорад ва ҳар як шаҳрванд ба иштироки фаъоли худ дар ин маъракаи сиёсӣ шаънушарафи ҷумҳуриро баланд мебардорад.
Ӯ ташаккури худро ба КМИРТизҳор дошт, ки “доимо дари КМИРТ барои ҳизбҳои сиёсӣ барои машаварату кӯмаку дастгирӣ боз аст”.
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон аз се насл ёддовар шуда гуфт, ки ин 3 насл дид, ақида ва ҷаҳонбинии худро доранд. Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки 95 фисади мардуми тоҷик ирода ва мавқеи аниқи сиёсӣ надоранд. Ва ин омил таъсири худро дар интихобот мерасонад-изҳор дошт ӯ.
Исмонов ба КМИРТ пешниҳод кард, ки нозироне, ки дар ҳавзаҳои комиссияи интихоботӣ иштирок мекунанд барои онҳо як миз ё ҷои алоҳида омода кунанд, ки онҳо раванди интихоботро озод назорат карда тавонанад.
Пешниҳоди дигари ӯ дар масҷидҳо таблиғу ташфиқи номзадҳо буд, “Бояд овезаҳои ҳизбҳои сиёсӣ муҳофизат карда шаванд, ки аз онҳо карикатура сохта нашавад. Дар он ҷо ҳарчи менависанд, суратҳои одамҳоро ҳаргуна расм мекашанд, яъне масхара мекунанд. Хуб мешуд, ки дар наздикии масҷидҳо иҷозат диҳанд, ки расмҳои номзадҳо часпонида шавад”.
Ҳамчунин намояндаи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон,Абдулло Нуровизҳор дошт, ки “ҲХДТ ҷидду ҷаҳд намуда истодааст, ки дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва тибқи меъёрҳои демократӣ озоду шаффоф гузаронем”. Ба гуфтаи ҷаноби Нуров аъзоёни ҳизбашон зиёда аз 252 ҳазор нафар мебошанд.
Дар ҳамин ҳол Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ хусусан ба намояндаи САҲА иброз дошт, ки муддати 3сол шуд, ки аъзоёни ҲНИТ мавридифишорутаҳқиру ҳабскардан қарордоранд.“Қароргоҳҳои моро хароб карданд, баъзеҳояшонро бастанд.Ҳаттоаъзоёни ҳизброзиндонӣ карданд бо гуноҳҳои сохаю бофта, вале сарфи назар аз ин ҳама ҲНИТ дар чорчӯби қонунҳои мавҷуда омодагии хешро барои дар интихобот ширкат кардан фаъол хоҳад кард”.
Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки «Ҷумҳурият»рӯзномаирасмии ҲукуматиТоҷикистонмаводҳоитаҳқиркунандаву танқидиронисбатираиси ҳизбнашркардаистодааст, оёининтихоботишафофвафазоисолимаст? ОёнамояндаиваколатдориПрезидентметавонад, бигӯядкиинмаводҳобароичӣ нашрмешавандвадардавраиинтихобот қатъмегарданд?
Ӯ аз қабули лоиҳаҳои тағйир ба қонуни интихобот ёддовар шуда гуфт, ки “ду лоиҳае, ки аз тарафи ҲНИТ ва ҲКТ пешниҳод шуд дар он ҷо дар мавриди қитъаҳои овоздиҳӣ омада буд. Вале чун иродаи сиёсии ҳукуматдорони мо барои баргузории интихоботи озоду шаффоф намерасид, аз қабули ин лоиҳа даст кашиданд”.
Илова бар ин ҷаноби Ҳайит пешниҳод кард, ки “агар КМИРТ мувофиқи дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон интихоботи озод, шаффоф ва демократиро дар Тоҷикистон таъмин карданӣ бошад, метавонад бо қарори дахлдор ба тамоми комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ, ки дар ихтиёраш аст дастур диҳад, ки аъзои комиссияи овоздиҳӣ ё участкавӣ аз тарафи аҳзоби сиёсӣ қабул карда шавад”.