Аксарияти мардуми дунё медонанд, ки сарчашмаи пайдоиши бисёри бемориҳо ин риоят накардан ба тозагӣ ва махсусан аз партобҳо (мусор) ба вуҷуд меоянд. Вақте дар як ҷо мусор ҷамъ шавад, дар онҷо микробҳо оҳиста-оҳиста пайдо шуда рушд мекунанд ва ҳашароту магасҳои ҳархелаи интиқолдиҳандаи микроб низ ҷамъ мешаванд. Равиши интиқоли микроб бештар ба василаи магасҳо аз тариқи нишастани онҳо бар рӯйи зуболаҳо, инчунин газидани онҳо мебошад. Аммо аз тариқи нишастани магасу паррандаҳо бар зуболадон(партобгоҳ)-ҳо ва баъдан нишастани онҳо бар манбаъҳои об ва баъзе маводи хӯрокӣ низ интиқол меёбад. Инчунин борону бод низ василаҳои дигари интиқол ва густариши микробҳои зуболадонҳо мебошанд. Василаи дигари хатарноки интиқоли микробҳо дар шаҳри Душанбе имрӯз сагҳо ва гурбаҳои дайду ҳастанд. Сагҳо ва гурбаҳое, ки ба сабаби ҳамин зуболадонҳо дар шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз зиёд мешаванд ва микробҳоро ба ҳар нуқта интиқол медиҳанд.
Дар аксарияти ҷойҳои шаҳри мо зуболадонҳое ҳастанд, ки рӯ боз ва дар наздики маҳалли зисти одамон қарор доранд. Вақте зубола ҷамъ мешавад, онро кормандони шаҳрдорӣ бурда партоянд ҳам, дар ҷойи он боқимондаҳои зубола дида мешаванд. Замоне ки борон меборад, қисмате аз зуболаҳо, махсусан пасмондаҳои ифлос ва пурмикробро бо худ ба дохили ҷӯйчаҳои шаҳрӣ мунтақил мекунад ва онгоҳ парокандашавии микробҳо шиддат мегирад.
Дар боғҳои истироҳатии шаҳр низ чунин ҳолат ба мушоҳида мерасад. Танҳо боғе, ки нисбатан хуб бо зуболадонҳо таъмин гаштааст, Боғи Ботаники шаҳрамон аст. Дигар боғҳо аз чунин чиз маҳруманд.
Барои мисол дар Боғи Дӯстии шаҳри Душанбе дар тобистони гузашта марду зани ҷавонеро дидам, ки ҳамроҳи фарзандонашон машғули тамошо буданд. Писарбачаи онҳо яхмосро хӯрду мехост қуттиашро ба зуболадон андозад. Аз падараш пурсид зуболадон куҷост?
Падараш низ ба атроф нигаристу зуболадонро ҷустуҷӯ намуд. Вале аз он асаре дар он наздикиҳо набуд. Ба писараш гуфт: Каме сабр кун, то болотар равем, шояд онҷо пайдо шавад. Болотар рафтанду боз ҳам асаре аз зуболадон набуд. Аммо канали обе, ки дар васати боғ қарор дошт, пур аз зуболаву қуттиҳои яхмос буд. Мард бо ҳамсараш дарди дил оғоз кард. Наход, дар як чунин парки калону зебо як зуболадон намонанду мардум чунин ҷӯйбори калонро ба ин ҳол гирифтор кунанд.
Писрак қуттии холии яхмосро дар даст мебурд. Ба падараш рӯ оварду гуфт:
Падарҷон, инҷо ҷуйборҳояшонро мусорка мекунанд, ман ҳам инро ба об партоям?
Падар ба ӯ гуфт: Не, писарам. Модар халтаи селофаниеро гирифта, қуттиҳои яхмоси ҳарсе фарзандонашро ба он андохту бо худ бурд. Ба онҳо нигоҳ мекардаму аз пасашон мерафтам, ки он зуболаҳоро чӣ кор мекунанд. Модар зуболаҳоро дар даст то охир нигоҳ дошт ва дар охир дидам, ки ҳатто замони савор шудан дар мошин низ он зуболаҳоро бо худ дошт.
Ин ҳолат маро ба фикр водошт. Аввалин фикре, ки ба сарам омад, ин буд, ки ин хонавода дар ягон кишвари хориҷӣ зиндагӣ кардаанд ва нав ба кишвар омадаанд, бинобарин аз худ пурсидам:
Чаро дар як боғи истироҳатии бузургу зебои пойтахти мо зуболадонҳо нестанд ва ё хеле каманд?
Чаро мардуми мо ҳама зуболаҳояшонро дар ҳар куҷое ки пеш ояд, мепартоянд?
Ин хонаводаи ҷавон ин фарҳангро аз куҷо омӯхтаанд?
Чаро таблиғоти риояи тозагиву гигиенаи шаҳр кам ба чашм мерасад?
Шумо чӣ фикр мекунед? Оё ин вазъияти зуболадонҳо то кай чунин боқӣ мемонад?
Умедворем, ки масъулин барои беҳдошти саломатии мардум фикр мекунанд ва вазъияти зуболадонҳо, махсусан дар Боғи Дӯстии шаҳри Душанбе беҳтар мешавад.
Бобоҷони ҚАЮМЗОД