Categories Ахбори рӯз

Муҳаммад писари Мусо Хоразмӣ – падари илми Алҷабр

Хоразмӣ кист?

Ин мард, донишманди мусалмонест, ки дар байни солҳои 164 ва 235 – и ҳиҷрии хуршедӣ мутобиқ ба (780 – 850 м) дар Бағдод зиндагӣ мекунад ва дар илми риёзиёту ҷабр, фалаку нуҷум машҳуру баландовоза мешавад ва ҳамин дониши ӯ сабаб мешавад, то Маъмун халифаи аббосӣ, ки дар дониш таваҷҷӯҳи ба донишманди таърихӣ дорад, Хоразмиро ба унвони раиси Дорулҳикмат интихоб мекунад.

Сазовари зикр аст, ки олами арабӣ дар байни қарни дуввум то ҳафтуми ҳиҷрӣ маркази нишот ва рушди илм ба шумор мерафт, ки таваҷҷӯҳи Маъмун халифаи аббосӣ ва аҳли дарбораш нақши бузург ва муаасиреро дар ин росто ба ҷо мегузорад. Эҷоди Дорулҳикмат ба унвони маҳалли ҳамоиш уламо ва аҳли фазлу дониш, фароҳамоварии китобҳои илмӣ дар заминаҳои мухталиф ва гарм доштани бозори таълифу тарҷума дар Бағдод армуғони бузурги илмӣ барои ҷаҳон дорад, ки аз ҷумла дар он ба бузургтарин ибтикор дар олами риёзӣ мезанад ва низоми таҳлили муъодилоти якмаҷҳулаи дараҷаи аввал ва дуро бо равиши Алҷабрӣ ва ҳандасӣ эҷод мекунад.

Шуҳрати ҷаҳонии Хоразмӣ

Хоразмӣ ҷабрро ба унвони як илми мустақил аз ҳисоб асос мегузорад ва аз ҳамин раҳгузар аст, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон Алҷабр бо номи ӯ пайвандии ҷудонопазир дорад ва ба ҳамин сабаб аст, ки Ҷорҷ Сертон нимаи аввали қарни нуҳӯмро дар китоби худ “Муқаддимае бар тоҷи улум” ба унвони асри Хоразмӣ ёд мекунад. Ӯро ба унвони бузургтарин риёзидонон дар ҳамаи замонаҳо медонад. Сертон мегӯяд: “Агар аз ҳаққ чашмпӯшӣ накунем, ҳамоно Хоразмӣ яке аз бузургтарин риёзидонон дар тамоми замонаҳост”. Ҳамчунон дуктур Ой Ведмон таъкид мекунад, ки корҳои Хоразмӣ аз асолату аҳамияти бузург ва мумтозе бархӯрдор аст, ки намоёнгари нубуғи вай мебошад.

Дуктур Девид Вилиюс Шорлез дар китоби хеш “Аъдоди ҳиндӣ ва арабӣ” мегӯяд: “Хоразмӣ ҳамон устоди бузурги асри тиллоии Бағдод ва яке аз донишмандони нахустини мусалмон аст, ки риёзиёти классникро аз Машриқу Мағрибзамин ҷамъ намуда ҳифз кард ва Аврупо баъд аз бедорӣ аз он истифода бурдааст. Ин мард соҳиби дониши бузургест, ки ҷаҳон имрӯз дар маърифату фаҳми хеш нисбат ба илми ҷабр мадюни вай мебошанд”.

Ибтикори ҳамешаҷовиди Хоразмӣ

Ҳамон гуна ки гуфта шуд, Хоразмӣ ҷабрро ба унвони як илми мустақил аз ҳисоб асос мегузорад ва ибтикори Хоразмӣ дар илми ҳисоб ибтидо аз “лугаритм” шурӯъ ва барои он ҷадвалҳое қарор дод, ки имрӯза ба номи ӯ шинохта мешавад. Ғарбиҳо низ ба номи ӯро бо номи “Лугаритм” мешиносанд. Ҳар чанд баъди вафоти Хоразмӣ тағйироти гуногун дар исми ӯ назди ғарбиҳо руъ дод ва номи ӯро дар лотинӣ чунин тарҷума карданд: (alchwarizmi), (al-karismi), (algoritmi), (algorismi), (algorism).

Алҷабр ва алмуқобала

Ҷабр ва муқобала унвони китобест, ки тавассути Хоразмӣ таълиф шудааст ва дар соли 1857 мелодӣ дар китобхонаи Кемриҷи Бритониё китобе таҳти унвони “algoritmi denumero indorum” ба даст омад, ки тамоми донишмандони риёзӣ дар ҷаҳон иттифоқ намуданд, ки ин ҳамон китоби Хоразмӣ дар илми ҳисоб аст. Дар қарни дувоздаҳуми мелодӣ тавассути Ҷаррор Кармуна риёзидони аврупоӣ ба лотинӣ тарҷума шуд ва бо аз байн рафтани матни арабии ҳамин нусхаи лотинӣ аз китоби Хоразмӣ таҳти унвони “Алгебра” дар Аврупо шуҳрат пайдо карда буд, ки пажуҳишгарони ғарбӣ нусхаи дигаре аз онро дар китобхонаи донишгоҳи Оксфурд ёфтанд ва матни арабии он барои аввалин бор дар соли 1831 – и мелодӣ чоп шуд.

Ангеза ва асбоби таълиф

Дар қадами нахуст дур кардани ниёзмандиҳои рӯзонаи мардум дар ростои тиҷорат, тақсими мерос ва мулкиятҳо аз муҳимтарин ангезаҳое буда, ки ин донишманди мусалмонро водор намуда, то китоби арзишманди хеш “ҷабр ва муқобала” – ро таълиф кунад. Аммо Хоразмӣ худ дар муқаддима ин китоб изҳор медорад, ки Маъмун халифаи вақт аз ӯ хоста, то ҷиҳати эҷоди суҳулат барои мардум ин китобро таълиф кунад. Хоразмӣ мегӯяд: “Ташвиқи Амирулмуъминин Маъмун, ки Худованд ӯро аҳли хилофат гардонида ва бо ин либос гиромӣ дошта ва дӯстдори дониш асту донишмандонро ба худ наздик мекунад ва барояшон оғӯш мекушояд, кӯмак мекунад ва суҳулатҳоро фароҳам месозад, сабаб шуд, то ман китоби мухтасари “Алҷабр ва алмуқобала”- ро, ки мардум дар тиҷорат, тақсими мерос ба он ниёз доранд, бо ҳусни ният таълиф кунам. Бо ин умед, ки аҳли фазлу донишро писанд афтад ва тавфиқ дар ҳамаи умур аз ҷониби Аллоҳ аст”.

Ҳарчанд сухан ба иртибот шаҳкории бузурге, ки Хоразмӣ анҷом дода фаровон гуфта шудааст, аммо аз он ҷое ки ин мақола гунҷоиши ҳамаи онро надорад ва ҳадаф танҳо аз бузургӣ ва дониши Хоразмӣ баён кардан аст метавон иктифо кард. Дар ҳақиқат уламо ва бузургони бузургеро метавон дар таърих пайдо кард, ки хидматҳои арзишманде дар руш ва тараққии илм анҷом додаанд.

More From Author

You May Also Like