Categories Uncategorized

“Грант”-и ҲНИТ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмакҳои бебозгаштеро дар шакли “грант” барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷудо намояд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар фарҷоми нишасте, ки дирӯз, 28-уми декабр, дартолори ҷаласаҳои Меҳмонхонаи «Каён»-и пойтахт таҳти унвони «ҲНИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор гардид, сӯҳбат мекард, таъкид намуд, ки барои он ки як давлат қавӣ бошад, бояд, ҳатман, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсии он низ қавӣ бошанд.

Раиси ҲИНТ дар илова қайд кард, ки давлат ва ҷомеа ҳамон вақт рушд мекунанд, ки ҳукумати қавӣ ва аҳзоби сиёсии қавӣ ба якдигар кӯмак кунанд, якдигарро ба корҳои манфиатоваре барои мардум ва давлат таҳрик бидиҳанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар амалӣ шудани ин ниятҳои нек нақши васоити ахбори оммаро хеле муҳим хонд. Ӯ гуфт, ки барои вусъат гирифтани ҳамкориҳои ҲНИТ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри рушди демократия ва беҳтар шудани некуаҳволии мардум, аз эҳтимол дур нест, ҲНИТ грантҳоеро барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷудо намояд, – навиштааст “Рӯзгор”.

Гуфта мешавад, ин нишаст бо ибтикори «Ассотсиатсияи миллии Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон» ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти унвони «ҲНИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва иштироки сарони чанде аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорӣ доир гардид.

“TojNews”

More From Author

You May Also Like