Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла озодии сухан, гуногунандешӣ, дар доираи қонун таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, ба таври озод истифода намудан аз воситаҳои ахбори омма ва воситаҳои нави технологияи иттилоотиву коммуникатсиониро кафолат медиҳад, – гуфтааст сардори давлат зимни як суханронии худ. Ва воқеъан гуногунандешӣ дар ҷомеъа ба нафъи кишвар аст ва ё бар зиёни он? Дар робита ба ин мавзуъ, ки гуногунандешӣ дар як ҷомеаи демократӣ чӣ фоида дорад, коршиносон ва таҳлилгарон фикру ақидаҳои гуногун доранд. Аз ҷумла, Абдурраҳмон Раҳмонов, як тан аз соҳибназарони кишвар мегӯяд, вақте ки андешаҳо озод шуд, албатта ба манфиати мардум ва кишвар мебошанд.
Ӯ мегӯяд, аз худи вожаи “андеша” бармеояд, ки ҳарфи пӯхта, яъне санҷида садо медиҳад. Вақте ки андешаҳои гуногун зиёд ҳастанд манфиъат аз он бештар ба ҷомеа, давлат ва ҳукумат аст. Ҷомеаи якнафара ва якфикра ҷомеъа буда наметавонад. Рушди давлат аз андешаву гуногунфикриҳост. Гуфтаҳои зиёд сари нуктае садо медиҳад ва беҳтарин интихобу реҷаи тараққии кишвар мешавад. Ҳамчунин ба гуфтаи Айёмуддини Азиз сиёсатшиноси ҷавон, гуногунандешӣ ба нафъи давлату ҷамъият аст. Ба ақидаи ӯ мардум як ҷумлае дар ин бобат доранд ва баъзеҳо инро ба Паёмбари гиромии Ислом – Муҳаммад (с) нисбат медиҳанд, ки чунин аст “اختلاف أمتي رحمة,”, яъне гуногун будан дар уммати ман раҳмат аст. Ва дар ин бобат Мавлонои Румӣ хеле хуб қайд кардааст:
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
– Бояд кӯшид, то афкори гуногун дар ҷомеъа вуҷуд дошта бошад, шояд баъзе афкорро мо имрӯз ба манфиъати худ дарнаёбем, аммо фардо яқинан ба ҳолате дучор мегардем, ки фикри дирӯза боиси ҳалли кори имрӯзаи мо мегардад, афзуд номбурда.
Ҳамзамон Раҳматуллоҳи Раҷаб, таҳлилгари тоҷик гуногунандешӣ дар ҷомеъаро ба манфиъати кишвар медонад. Вале ба андешаи ӯ, нафароне, ки гуногунандешӣ, озодии баёнро аз минбарҳои баланд ироъа медоранд, дар асл худ зидди гуногунандешианд ва чунин озодиҳо мебошанд. “Озодии сиёсӣ мегӯянд, вале дар асл озодие дида намешавад”. Ӯ мегӯяд, ки озодии сухан барои нафароне аст, ки ба фоидаи давлату ҳукумат бошад. “Оре дар асоси қонун он ҳизбҳоеро номнавис мекунанд, ки ба нафъи ҳукумат буда, ҳамчун ҳизбҳои “кисагӣ” корашон мебаранд. Рӯзнома ва маҷаллаҳои давлатӣ, ки ҳатто харидору хонанда надоранд ба таври маҷбурӣ мардумро обуна мекунанд, ин дар тамоми масҷидҳо бараъло ба назар мерасад. Дар бораи коммуникатсионӣ ҳарф задан ҳайф аст. 3 – маротиба ваъда доданд, ки НОБ-и Роғун ба кор дода мешавад, вале нашуд. Роҳҳои баҳрӣ надорем, то аз ҷумҳурӣ берун оем, вале қарзҳои ҳангуфте болоямон ҳаст, ки имрӯз тифли ба дунё омадаи тоҷик аз давлатҳои бегона қарздоранд, чун ин қарзҳо ба сари мардуми тоҷик гирифта шудааст. Магар ҳамин аст гуногунандешӣ?!” Ҳамчунин ба қавли Р. Раҷаб агар пешниҳоди хуберо барои пешравии кишвар матраҳ созӣ, ҳатман ҷавоб мегӯӣ ва ё ба балоҳое гирифтор мешавӣ. Яъне рақобати солиму созанда дар ҷамъияти мо вуҷуд надорад.
Гуфтаҳои коршиносон дар ҳоле садо медиҳанд, ки президенти кишвар дар як суханронии худ қайд карда буд: «Озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеъаро халалдор насозанд».
Пас бо ин ки фикру андешаҳо ва гуногунандешии коршиносон ва ё шахсиятҳои алоҳида дар кишвар амалӣ намешавад ва мавриди таъқиби пурсуҷӯ қарор мегиранд, кӣ бояд ҷавоб гӯяд, ин дар ҳолест, ки суханҳои сардори кишвар ҳам дар баъзе маврид сарфи назар қарор намегиранд. Аз ин рӯ барои роҳбарияти ниҳодҳои кишвари мо лозим аст, то ба доди ҷавонон, коршиносон, шахсиятҳои алоҳидаи соҳибфикр ва намояндаҳои аҳзоб расида, андешаҳои онҳоро низ ба инобат гиранд, то барои рушди босуботи кишар коре карда тавонанд.