Ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Афғонистон дар сӯҳбати рӯ ба рӯи Вазири корҳори хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Абдуғаффори Орзу сафири Афғонистон дар Тоҷикистон баррасӣ гардидааст. Бино ба иттиллои АМИТ «Ховар» дар нишаст ҷонибҳо аз раванди густариши робитаҳои дуҷониба қаноатмандӣ намуда, изҳори умедворӣ кардаанд, ки ин раванд густариш дода мешавад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ дар сӯҳбат бо дипломатии афғон таъкид доштааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳавасманди он ҳастанд, ки дар Афғонистон сулҳу оромиш ва амният барқарор бошад. Ҳ. Зарифӣ гуфта, ки мақомоти Тоҷикистон омода ҳастанд, ки дар ин марҳилаи муҳим барои давлати Афғонистон ёрмандӣ намоянд.
Categories
Ахбори рӯз