Categories Uncategorized

Гуфтугӯи инсон бо Қуръон

Таҳиякунанда:АмруллоҳиНизом

26.02.2012, 20:45

Инсон: Ассалому алайкум

Қуръон: Дуруд бар шумо ба (подоши) ончи сабр кардед. Ростӣ чи некӯст фарҷоми он сарой. {Сураи Раъд: 24}.

****

Инсон: Ба унвони суоли ибтидоӣ, агар моил бошед каме аз оромиш, ки имрӯзабаякеазгумкардаҳоибашартабдилшудааства ҳаркасебароибадастоварданионталошмекунадбароимосуҳбаткунед, агардарзиндагӣ хоҳониоромишхотирӣ бошем чӣ роҳеропешниҳодмекунед?

Қуръон: Ҳамон касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо ором мегирад. Огоҳ бош, ки бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбанд. {Раъд: 28}.

****

Инсон: Барои суоли дуввум агар иддае бихоҳандХудорофаромӯшкунанд фарҷоми корашон чӣ хоҳадшуд?

Қуръон: Ҳар кас аз ёди Раҳмон рӯй бигардонад, бар ӯ шайтоне мегуморем то барои вай дамсозе бошад. {Зухруф: 36}.

****

Инсон: Агар бихоҳем дар мавриди коре ва ё шахсе қазоваткунем,чӣ дастуруламаледоред?

Қуръон: Чизеро, ки бадон илм надорӣ дунбол макун, зеро гӯшу чашм ва қалб, ҳама мавриди пурсиш воқеъ хоҳанд шуд. {Исро: 36}.

****

Инсон: Дар бораи қазоватхубгуфтед, оёдастуруламале дар мавриди бахшишу инфоқ ва ё садақакардан ҳамдоред?

Қуръон: Ва дастатро ба гарданат занҷир макун ва бисёр [ҳам] кушодадастӣ манамо, (дар ин сурат) маломатшуда ва ҳасратзада бар ҷой бимонӣ. {Исро: 29}.

****

Инсон: Марди фақирунодорвакамбизоате ҳастам, барои пулдор шудан чӣ тавсияемекунед?

Қуръон: Ҳаргиз ба некӯкорӣ нахоҳед расид то аз ончи дӯст доред инфоқ [харҷ] кунед ва аз ҳар чӣ инфоқ кунед, Худо бадон доно аст. {Оли Имрон: 92}.

****

Инсон: Мутаваҷҷиҳи манзуратон нашудам, яъне барои пулдоршудан бояд пул харҷ кунем, магар инфоқ ва ё харҷ кардан чӣ судваёнафъедорад?

Қуръон: Мисоли [садақот]-и касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ [харҷ] мекунанд, монанди донае аст, ки ҳафт хуша бирӯёнад, ки ҳар хушае сад дона дошта бошад ва Худованд барои ҳар кас, ки бихоҳад [онро] чанд баробар мекунад ва Худованд кушоишгару доно аст. {Бақара: 261}.

****

Инсон: Бархе аз афрод барои ба даст овардани сарват иқдомбагирифтанирибо [суд, протсент] мекунанд, оё он афрод пулдор мешаванд?

Қуръон: Худо аз [баракати] рибо мекоҳад ва  бар садақот меафзояд ва Худованд ҳеч носипоси гунаҳкореро дӯст намедорад. {Бақара: 276}.

****

Инсон: Оё ҷоиз аст ҳамешалаббашикоятбозкунемваазмушкилотихудбамардумбигӯем?

Қуръон: Аз неъмати Парвардгори хеш [бо мардум] сухангӯ. {Зуҳо: 11}.

****

Инсон: Чӣ коркунем,тодарзиндагӣ бабунбастнарасемвабармушкилоти рӯзгор ба роҳатӣ ғалабапайдокунем?

Қуръон: Ҳар кас аз Худо битарсад, {Худо] барои ӯ дар кораш осоние фароҳам созад. {Талоқ: 4}.

****

Инсон: Дар Қуръон 234 мартабааз ғуфрони Илоҳӣ [рӯпӯшнамуданисаҳвухатовагуноҳонибандаазчашмидигарон] ва истиғфорсуҳбатбамиёномадааст, фавоидиистиғфорро баён бифармоед?

Қуръон: Ай қавми ман! Аз Парвардгоратон омӯрзиш бихоҳед, сипас ба даргоҳи Ӯ тавба кунед, (то) аз осмон бар шумо бориши фаровон фиристад ва нирӯе бар нирӯи шумо биафзояд ва табаҳкорона рӯй бармаргардонед. {Ҳуд: 52}. Шуморо бо амволу фарзандони фаровон ёрӣ кунад ва барои шумо боғҳои сарсабз ва наҳрҳои ҷорӣ дар ихтиёратон қарор диҳад. {Нуҳ: 12}.

****

Инсон: Фикр мекунам, ки хушбахтӣ даринрӯзҳоазмардумизиёдерӯйгардонидааст. Барои расидан ба хушбатӣ, чӣ амалеротавсиямедиҳед?

Қуръон: Ай касоне, ки имон овардаед, рукӯъу суҷуд кунед ва Парвардгоратонро бипарастед ва кори хуб анҷом диҳед, бошад ки растагор шавед. {Ҳаҷ: 77}.

****

Инсон: Чун ба баъзе хислатҳоиноҷавонмардӣ гирифторам ва бисёр вақтбеҳудагӯӣ ва шаҳодатибардурӯғ низмедиҳаму бо ҳаминроҳ корузиндагӣ мекунам, аз худам бадам меояд. Оё бо ин сифот худамро мӯъминумусалмонгуфта метавонам?

Қуръон: [Муъминони воқеъӣ] онҳоеанд, ки шаҳодати бардурӯғ намедиҳанд [ва дар маҷлисҳои ботил ширкат намекунанд] ва ҳангоме, ки бо лағв ва беҳудагӯӣ гузар намоянд, бузургворона аз он мегузаранд. {Фурқон: 72}.

****

Инсон: Инаш дарди бахайр ва бигзор байни худамон монад, вале акнун фоштар мегӯям, кибариловаиондухислатиразилаам, бозмардумозорӣ ванизбаъзеамалҳоизиштеробарпойииддаеазмӯъминонмебандамва ҳадалимконталошмекунам, кидоманибеғуборионҳородоғдорнамоям. Баназаришумодар ин сурат маро чӣ подошеинтизорхоҳадбуд?

Қуръон: Касоне, ки мардону занони мӯъминро бидуни он, ки муртакиби [амали зиште) шуда бошанд озор мерасонанд, дар ҳақиқат туҳмат ва гуноҳи ошкоре ба гардан гирифтаанд. {Аҳзоб: 58}.

****

Инсон: Шояд ин хислатҳоибадиман ҳамабохуномадабошандвабоомаданифариштаимарграҳоямкунандвакӣ медонад, кифурсатитавбакарданпешазмаргбарояммуяссармешавадёна. Бадтаразин азоби виҷдонваоҳионмазлумонмарогулӯгиркардаанд. Боин ҳол,гарбимирам сазоям чӣ мешудабошад?

Қуръон: Тавба назди Худованд танҳо барои касоне аст, ки аз рӯи нодонӣ муртакиби гуноҳ мешаванд, сипас ба зудӣ тавба мекунанд. Инҳоянд, ки Худо тавбаашонро мепазирад ва Худованд донову ҳаким аст. Ва тавбаи касоне, ки гуноҳ мекунанд то вақте, ки марги яке аз эшон даррасад мегӯяд, акнун тавба кардам, пазируфта нест ва [низ тавбаи] касоне, ки дар ҳоли куфр мемиранд пазируфта нахоҳад буд, ононанд, ки барояшон азобе дарднок омода кардаем. {Нисо: 17-18}.

****

Инсон: Агар бихоҳемаззиндагӣ ҳаддиаксарлаззатбибарем,чӣкорҳоеробояд анҷомдиҳем?

Қуръон: Ай касоне, ки имон овардаед аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед, ки баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва [ҳаргиз дар кори дигарон] ҷосусӣ накунед ва ҳеҷ яке аз шумо дигареро ғайбат накунад. {Ҳуҷурот: 12}.

****

Инсон: Дар умури зиндагӣ бомушкилоти иқтисодие мувоҷиҳ шудаам, кибароипайдокарданироҳҳаллиондушворӣ мекашам, оёметавонедмарораҳнамоӣ кунед?

Қуръон: Ҳар кас аз Худо битарсад, Худованд барои ӯ роҳи беруншудание қарор медиҳад ва аз ҷое, ки ҳисобашро намекунад ба ӯ рӯзӣ мерасонад. {Талоқ: 2 -3}.

****

Инсон: Манзуратонро дуруст нафаҳмидам, яъне бояд фақат аз Худо битарсам, Худо худаш мушкилоти иқтисодиамробаровардамекунадва авзоъи зиндагиямро беҳтархоҳадкард?

Қуръон: Худованд сарнавишти қавмеро тағйир намедиҳад, то онҳо вазъи худро тағйир бидиҳанд ва чун Худо бар қавме осиберо бихоҳад ҳеҷ баргаште барои онон нест. {Раъд: 11}.

****

Инсон: Бо ташаккур аз вақте, кидар ихтиёримо қарордодед, дарпоёнагартавсияедоред,бифармоед?

Қуръон: Ай касоне, ки имон овардаед, ҳамагӣ ба итоати [Худо] дароед ва гомҳои шайтонро дунбол макунед, ки Ӯ барои шумо душмане ошкор аст. {Бақара: 208}.

More From Author

You May Also Like