nahzat.tj
Ҳукумати Амрико ба Ширкати интернетии Google муроҷиат кард, ки филми фитнаангези “Бегуноҳии мусалмонон”-ро пок кунад, вале аз ширкат чунин ҷавоб доданд, ки ин филми видеоӣ қоидаи истифодаи сомонаро вайрон намекунад.
ВалеТанҳо бо дархости ҷиддии Ҳиндустон, Индонезия, Либия ва Миср пахши ин филм дар он мамолик манъ шудааст, зеро ин видеофилм қонунҳои мавҷудаи ду кишвари аввалро вайрон мекунад ва дар дуи дигар: Мисру Либиё вазъияти муташанниҷи онҳоро ба ҳисоб гирифта, ширкати Google пахши филмро тавассути YouTube манъ кардааст.