Пиразани 110 солаи рус бо тай кардани масофати се ҳазор километр ба Макка рафт.
Ба гузориши як манбаъи хабарӣ, ба нақл аз шабакаи телевизионии “Рашатудей”, сафари ҳаҷи як пиразан аз минтақае дар шимоли Қафқоз хабарсоз шудааст. Ин зан, ки 110 сол дорад имсол беш аз се ҳазор километрро тай кард, то ба Макка бирасад. Рафтан ба ҳаҷ яке аз усули дини Ислом аст, ки ҳар мусалмон тавоно бояд дар тӯли зиндагияш як бор онро анҷом диҳад.
Хонум Мадина, ки дар соли 1901 ба дунё омад, дар тӯли солҳои сахти зиндагияш ҳамвора дар рӯъёи сафар ба Макка ва ба ҷой овардни маносики Ҳаҷ буд ва ҳаргиз умедашро аз даст надод, то ин ки имсол тавонист ин корро анҷом бидиҳад. Вай бо ҳавопаймо аз шаҳри Мохачқалъа дар Ҷумҳурии Доғистон ба Урдун рафт ва сипас бо сарфи замон 66 соат бо автобус ба шаҳри мадина расид ва дар он ҷо ба ҷамъи садҳо ҳазор зоирон пайваст, ки ба Макка мерафтанд. Ба ҳар ҳол рӯъёи ин пиразани мусалмон бо азми росихаш ба воқеъият пайваст ва собит кард, ки хостан тавонистааст.