Созмони иртиботи исломии Ҳоланд эълом кард, ки як давраи омӯзишӣ перомуни забҳи ҳалол дар ин кишвар баргузор кардааст.
Ба гузориши хабаргузориҳо, дар ин давраи омӯзишӣ кушторгоҳҳо ва забҳкунандагон масоили шаръӣ перомуни забҳи ҳалолро омӯзиш диданд ва дар поён низ аз онҳо имтиҳон ба амал омад.
Бар асоси қонунҳои нав Иттиҳодияи Аврупо, лозим аст тамоми забҳкунандагон гувоҳӣ дошта бошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар поён низ ба ширкаткунандагон дар ин давра омӯзиши гувоҳии забҳи ҳалол ҳадоё тақдим гардид.