Данғара: фарзандони наҳзатиро маҷбурӣ ба хидмат мебаранд

Данғара: фарзандони наҳзатиро маҷбурӣ ба хидмат мебаранд

Фарзанди масъули бахши фарҳангии ҲНИТ дар ноҳияи Данғараро кормандони Комисарияти ҳарбии ноҳия дастгир карда, муддати чандрӯз аст, ки раҳояш намекунанд.

Ба гуфтаи Саидалӣ Тағоев, котиби масъули бахши ҲНИТ дар ноҳияи Данғара “кормандони Кумитаи амнияти ноҳия ин ҷавони 20-соларо боздошт карда, муддати 2-рӯз нигоҳаш медоранд. Пас аз ин ба Комиссарияти ҳарбии ноҳия бурда месупоранд ва мегӯянд, ки хидмат кунад”. Ин дар ҳолест, ки ин ҷавони 20-сола айни ҳол дар як Омӯзишгоҳи касбии ноҳия таҳсил мекунад.

Падари ҷавон вақте ба кормандони Комиссарияти ҳарбӣ муроҷат мекунад, дар ҷавоб ба ӯ мегӯянд, ки “мо дахолат надорем ва маълумотнома аз ҷои таҳсилаш биёред”. Баъдан падари ҷавон ба роҳабри омӯзишгоҳ муроҷат мекунад, дар ҷавоб Мурод Ҳошимов, роҳбари омӯзишгоҳ мегӯяд “ба мо аз боло фармон аст, ки фарзандони наҳзатиро маҷбуран ба хидмат равон кунем ва худи наҳзатиҳоро ғам диҳем, то ин ки аз ҲНИТ хориҷ шаванд”.

Ҳамчунин Комиссарияти ҳарбӣ гуфтааст, ки “бояд Кумитаи амнияти ноҳия ба мо иҷозат диҳанд, баъд мо фарзанди Шуморо ҷавоб дода метавонем”.

Тағоев илова мекунад, ки ин ҷавон дар ҳоли хатм кардани омӯзишгоҳ мебошад ва ҳоло бояд ба таҷрибаомӯзӣ равад. “Аламовараш ин аст, роҳбари омӯзишгоҳ мегӯяд, ки ба мо фармон аст, то фарзандони наҳзатиҳоро маҷбуран ба хидмат равон кунанд”-илова мекунад ӯ.

Ҳамчунин Саидалӣ Тағоев иброз дошт, ки “рӯзи ҷумъаи гузашта дар масҷид ҳангоми тақсими ҳафтаномаи “Наҷот” кормандони Кумитаи амнияти ноҳия 4-нафари моро боздошт карда, бо худ ба шӯъба бурда, муддати 4 соат нигоҳ доштанд”.

Сайдалӣ Тағоев изҳор дошт, ки чанде пештар ӯро ба пракуратураи ноҳия даъват намудаанд. Далели даъват то ҳол мушаххас нест.

More From Author

You May Also Like