24 корманди мусалмони ширкати ҳамлу нақли “DHL”– и Амрико ба далели иқомаи намоз дар соати корӣ ихроҷ шуданд.
Ба гузориши хабаргузориҳо, масъулони нави ширкати ҳамлу нақли “DHL” – и Амрико бо тағйири қонун тағйирпазирии соатҳои истироҳати коркунон, ки ба кормандони мусалмон замони иқомаи намоз медод, монеъ аз иқомаи намози коркунони мусалмон шуданд.
24 мусалмони ин ширкат, ки бо вуҷуди тағйири қонун маҷбур буданд намози рӯзонаи худро дар соатҳои идорӣ иқома кунанд, аз тарафи ин ширкат ихроҷ шуданд.
Илова бар шикояти ин 24 корманди мусалмон, 11 шикояти дигар низ ба комиссиюни назорат аз болои кор дар Амрико дар мавриди таҷовузи ширкати “DHL” ба ҳуқуқи динии коркунон ироа шудааст.
Букра Вошингтон, вакили шӯрои равобити исломии амрикоӣ гуфт, ки мо хоҳони тазим кардани ҳуқуқи мадании коркунони ин ширкат ҳастем. Ширкати мазкур ҳанӯз дар мавриди ин масъала ҳеҷ изҳори назаре накардааст.
Ҳамаи ин дар ҳолеанд, ки Амрико имрӯз дар ҷаҳон мехоҳад демократияро амалӣ намояду ҳуқуқи мардуми мазлум ва канормондаро ҳимоят намояд.