Маҷаллаи “Forbes – Middle East”, шомгоҳи чоршанбе бо баргузории маросиме дар шаҳри Дубай, қудратмандтарин расонаҳои интернет дар Ҷаҳони Араб дар соли 2012 мелодиро муаррифӣ кард.
Дар ин раддабандӣ “Аларабия. нет” ҷойгоҳи нахустро дар миёни шабакаҳои моҳвораӣ ба унвони қудратмандтарин сайт дар Ҷаҳони Араб, дар соли 2012 – ро ба худ ихтисос дод.
Шумори мутолиакунандагон дар сайти “Аларабия. нет” дар давраи оморгирӣ ба 306, 63 миллион нафар расида. Фаҳд Саъуд, сардабири сайти “Аларабия” ҷоизаи ин бахшро дарёфт кард.
Сайти “Алҷазира. нет” бо 277,88 миллион боздидкунанда, дар рутбаи дуввум қарор гирифт.
Сайти “Русия ал явм. нет” бо 50, 11 миллион боздидкунанда ҷойи саввумро касб кард.