«Дарахти осоиш» (қисса)

Деҳеро ном «Деҳи Сабз»буда, ки мислашро касе дар Чину Мочин ривоят накардааст. Мардумонаш парҳезгору покизакор ва соҳиби каромати баланди инсонӣ, дар дили пиру барно, марду зан имон маъво карда, мурғи бахт доимо болои сари онҳо дар парвоз будааст. «Деҳи Сабз»-иён бо пирони шукргузору ҷавонони хидматгораш ифтихор доштааст. Хиёбонҳои сабзу зебо ва гулпӯш, биноҳои пасту баланди мунаққаш, мактабу масҷидҳои обод, обҳои мусаффову чашмаҳои зулоли тамоми сол ҷорӣ, заминҳои киштбоби серҳосил, боғҳои сердолу дарахт, доимо чароғон будани деҳ ҳусн бар ҳусн зам ва, аз ободии он дарак дода, мардони донишманду фозил, орифони огоҳу одилаш шуҳрати офоқ доштаанд.
Бо гузашти солҳо ва таъсири барномаҳои бегонагон бошандагони ин деҳа рисолати азалии худро аз даст дода, пушт ба оину фарҳанги худ намуданд, ҳатто рафтору тарзи роҳгардиро ҳам тағйир дода, гӯш ба носеҳон намедоданд. Бошандагони ин деҳро дигарон девонаву хаёлпараст медонистанд, чун орифону фозилон ҷилои ватан шуда, гумроҳону маишатпарастон он ҷо боқӣ монданд.
«Деҳи Сабз»-у обод ба макони чуғзон табдил ёфта, аз шарму ҳаё нишоне намонда, баръакс беҳаёиву бешарафӣ рушд пайдо карда, боғу роғ хароб ва рудхонаву чашмаҳо хушк гаштаанд, ҳатто барои вузӯ гирифтан иддае аз мусалмонони он деҳ об намеёфтанд. Аз ободӣ нишоне намонда, қатраи бороне аз абрҳо фуру намерехт. Охирин фозили деҳ ҳам бо ашки шашқатор онро тарк намуда, назмеро чун тасаллои дил бо қалби ҷонсӯз хондааст:
Омад хазону сайри чаман орзу намонд,
Дар боғи рӯзгор ба гул рангу бӯ намонд.
Дар ҳеҷ абр оби мурувват наёфтам,
Аз сабза ғайри ном ба лабҳои ҷӯ намонд.
Азбаски дар ҷаҳон сари бемағз шуд баланд,
Дар бӯстони даҳр ба ғайр аз каду намонд.
Дар деҳ ҳар кас худро ба кору бори номашруъ ва номатлуб банд карда буд. Яке аз ҷавонон ва бошандаи деҳ кораш буридани дарахт будааст. Ӯ табареро ҳамроҳ дошта, ҳар куҷо ниҳолу дарахтеро медид, онро мебурид. Аз дасти ӯ ҳатто хурдтарин дарахте намонда, ки парандае дар шохи он лона гузораду ҳайвоне дар сояаш биосояд. Зиёни ҷони дарахтбур ба деҳаҳои дигар ва талу пуштаҳои баланд ҳам расид, ки атрофи деҳро печонида буданд.
Рӯзе ҳамин ҷавони дарахтбур гӯсфандонашро гум карда, барои пайдо кардани онҳо аз хона берун рафтааст, дар ҷустуҷӯи гӯсфандон ба маконе расида, ки аз маҳалли зисташ хеле дурбуда. Хӯрокаш тамом шудаву охирин қатраи кӯзаи обаш ҳам нӯшида, ки ташнагӣ ва гуруснагӣ бар ӯ ғолиб омада, офтоби гарми тобистон сару рӯяшро сӯзонида бемадор мешавад. Пеши чашмонашро торикӣ фаро гирифта, пойҳояш бемадор шудаанд. Оқибат ба рӯйи хоку хас афтода, хобаш мебарад. Дар хоб мебинад, ки чашмонашро ба зӯр мекушояду ба атроф назар меандозад. Дар як баландӣ дарахтеро мебинад хеле бузургу сояафкан ва худро кашон-кашон ба ҳазор азоб ба зери он дарахт мерасонаду он ҷо хобаш мебарад. Баъди чанде гӯё аз таъсири сояи дарахт ба рӯҳу баданаш осоише мерасад ва ба худ меояд, аммо вуҷудаш ҳоло ҳам хаставу дардманд, гоҳе ба атроф назар меандозаду гоҳе ба дарахт, вале дар атроф водии маргро эҳсос мекунаду дар зери сояи дарахт василаи наҷотро. Ҳамин дам чизе дар андешаи ҷавони дарахтбур мегузарад, мисле ки кадом қуввае аз ғайб ӯро такон медиҳаду ҳама хастагиву нороҳатиро аз ӯ дур месозад, ки бошаст аз ҷояш мехезад.
Ин ҷавон танҳо дар ҳамин ҳолат аз хоб бедор шуда, рӯ сӯи «Деҳи Сабз», ки аз сабзии он нишоне намонда буд, роҳ пеш мегирад. Ба деҳ расидан замон белу каланд гирифта, ба тоза кардани ҷӯйҳо сар мекунад. Дарахтони буридаро, ки аз кундаи худ шоху панҷаи нав бароварда буданд, ба тартиб медарорад. Ба ҷӯйҳо об ҷорӣ карда, мактабу масҷид обод мекунад ва ин амали ӯ таваҷҷуҳи ҷавонони дигареро низ ба худ ҷалб месозад, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд. Дар деҳ оҳиста-оҳиста симои аввала барқарор мегардад ва мардуми он ҳам қалбан тағйир меёбанд ва Худо ҳар яке аз сокини ин деҳро тибқи хости худ тағйир медиҳад.
Ҷавони дарахтбур, ки ҳамчун пешвои «Деҳи Сабз» қарор гирифта буд, китоберо бо сароҳат қироъат мекард, ки дар он омада: Танҳо Худост тағйирдиҳандаи ҳама чиз, ҳатто паёмбарон наметавонанд ин тағйиротро овардан, агар тағйири имон аз расулон мебуд, Муҳаммад(с) Абулаҳабро тағйир медод.
Пешвои маҳал, яъне он ҷавони дарахтбур шукрона мекунад, ки Худо барои онҳо имкониятеро бори дигар муяссар гардонид, то воқеъиятро ба чашми қалб бишносанду амал намоянд.
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Ҷои дигар: «Аллоҳ(ҷ) касеро мебахшад, ки ҳақро зинда ва ботилро нест дониста, золимро аз байн бибарад ва байрақи адлро баланд бардорад», фармудааст ҳазрати Алӣ.
Пас аз хондани ин сатрҳо пешвои деҳ беихтиёр сахт мегиряду аз Худо талаби мағфират ва омурзиши гуноҳон мехоҳад. Дуъо мекунад, ки Аллоҳ таборак ва таъоло ӯро зери сояи «Дарахти осоиш», ки Исломи азиз аст, парвариш диҳад.

Мирзоаҳмад Давлатов,
ноҳияи Панҷ

More From Author

You May Also Like