Дишаб, 18-уми сентябри соли 2013 Муҳаммадшарифи Набӣ, раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, ки монеаҳо дар роҳи имзоҷамъкунӣ барои номзади ягонаи ИНИТ, Ойниҳол Бобоназарова дар ин минтақа меафзояд.
Оқои Набӣ ба сомонаи Наҳзат гуфт, ки ҷонишини раиси ноҳияи Ҳамадонӣ ва раиси дастгоҳи раиси ноҳия ба масъули бахши ҳизб дар ин ноҳия гуфтаанд, ки барои муҳр гузоштан дар варақаҳои ҷамъоварии имзо барои номзад Бобоназарова бояд онҳо қарор ва протоколи Анҷумани ҲНИТ, ки дар он аз номзадии Бобоназарова ҷонибдорӣ шуд, биоранд.
Раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб афзуд, ки ӯ бо Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ суҳбат карда, оқои Маҳмуд амали мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Ҳамадониро ғайриқонунӣ шумурда, гуфтааст, ки КМИР ҳеҷгоҳ талаб накардааст, барои муҳр гузоштан дар варақаҳои ҷамъоварии имзо барои номзадҳо қарорҳо ва протколҳои анҷуманҳо лозиманд.
Муҳаммадшарифи Набӣ инчунин иброз дошт, ки дар ноҳияи Ховалинг ҳам чунин монеагузориҳо мушоҳида шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи номзади ягонаи ИНИТ дирӯз (18.09.2013) ба расонаҳо гуфт, ки ҳукуматҳои маҳаллии дар Турсунзода ва Фирдавсию Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз кормандони ситоди мазкур баробари варақаҳо барои гирифтани муҳри мақомоти ин навоҳӣ мактуб низ талаб кардаанд. Оқои Қаюмзод афзуд, ки азбаски монеаҳо дар бештари навоҳӣ бо як тарзи мазмун эҷод мешаванд, ИНИТ инро “амали супоришӣ ва тарҳрезишуда аз боло” меҳисобад.
Инчунин, Абдуҷалилов Абдулвосеъ, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Бохтар ба идораи раиси ноҳия барои гирифтани варақаҳои имзоҷамъкунӣ меравад, аммо раиси ноҳия Абдуалим Исмоилов мегӯяд, ки то он замоне ки наҳзатиён рӯйхати аъзояшонро кӯча ба кӯча, деҳа ба деҳа ва аз рӯи ҷинс алоҳидаи аъзои ҳизбро ба ӯ пешниҳод накунанд, варақаҳои мӯҳрдор намедиҳад.
Дар ноҳияи Хуросон бошад, раиси ноҳия Самадов Ҷаббор танҳо дар даҳ варақа барои ҷамъоварии имзо муҳр гузоштааст, ки дар он ҷамъулҷамъ имзои 540 нафарро ҷамъ кардан мумкин аст ва мегӯяд, ки ҳар ҳизб мувофиқи шумораи аъзо дар ноҳия варақаҳои имзоҷамъкунӣ мегирад.
Раисони шуъбаҳои ҲНИТ дар минтақаи Қурғонтеппа ва Кӯлоб Қамариддин Афзалӣ ва Муҳаммадшарифи Набӣ аз ин монеагузориҳо изҳори нигаронӣ карданд.
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат