Тибқи гузориши хабаргузориҳо, тайи чанд рӯзи гузашта дар марзи Ӯзбакистон бо Қазоқистон 240 нафар шаҳрванди ӯзбак боздошт шудаанд.
Шаҳрвандони ӯзбак, ки қасд доштанд ба сурати ғайриқонунӣ ба ин кишвар ворид шаванд, аз тарафи мақомоти амнияти ин кишвар боздошт шудаанд.
Мақомоти амнияти Қазоқистон эълом кард, ки ин иқдом дар таърихи 4 то 5 ноябри соли ҷорӣ дар марзи байни Қазоқистон бо Ӯзбакистон сурат гирифтааст.
Масъулони қазоқ таъкид доштаанд, ки бештарин нақзи қавонин дар ин кишвар тавассути коргарони муҳоҷири ӯзбак содир мегардад, ки мақомоти қазоқро нигарон кардааст.
Дар ин замина Кумитаи амнияти Қазоқистон эълом карда, ки теъдоди 300 ҳазор коргари муҳоҷир ба сурати ғайриқонунӣ дар ин кишвар вуҷуд дорда, ки пешбинӣ мешавад ин теъдод дар соли 2015 афзоиш ёбад.
Дар солҳои ахир муҳоҷирати коргарон ба Қазоқистон рӯ ба рушд буда ва дар оянда низ ин раванд афзоиш хоҳад ёфт, Қазоқистон ҷузъи кишварҳои машҳур дар минтақа аст, ки дар он бештарин вуруду хуруҷи ғайриқонунӣ сурат мегирад.