Киев эълон дошта, ки низомиёнаш бо корвони мусаллаҳе дар шарқи Укроин вориди даргирӣ қарор гирифтаанд, ки ҳамчун «корвони башарӣ» вориди ин қаламрав шудааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия изҳор дошта буд, ки Русия корвони дувуми кӯмакҳои башарии худро ба шарқи Укроин равон месозад.
Ҳоло низомиёни Укроин замоне бо ин корвон вориди даргирӣ шудаанд, ки бо пуштибонии оташбори Русия ба Донетск расидааст, мегӯянд мақомоти амниятии Укроин.
Сухангӯи низомиёни Киев гуфта, ки иқдоми навбатии Маскав ба хотири боз кардани ҷабҳаи нав дар буҳрони шарқи Укроин аст. Чун болои корвон зимни убури марз бо Укроин парчами “Ҷумҳурии мардуми Дунетск” партавфишонӣ дошта, ҳатто тонку техникаҳои дигари низомӣ корвонро ҳамроҳӣ мекардаанд.
Чунин ба назар мерасад, ки Маскав қабл аз вохурии Путин, президенти Русия ва Порошенко, президенти Укроин дар Минск мехоҳад аҳроми фишори бештареро дар даст дошта бошад.
Таври маълум, Маскав тавонист корвони башарии худро чанд рӯз пеш вориди Укроин карда, муваффақона онро ба қафо бикашад, он ҳам бидуни иҷозаи Киев.
Ҳоло қарор бар ин аст, ки ду сарвари кишварҳои ҳамсояи славянии Русияиву Укроин рӯзи сешанбеи 27-уми август дар кишвари савуми славянӣ, Белорус дидору мулоқотеро ба хотири рафъи буҳрон дар шарқи Укроин анҷом диҳанд.