Даргузашти профессор Ғулом Аъзами 93 сола дар зиндон

Даргузашти профессор Ғулом Аъзами 93 сола дар зиндон

Профессор Ғулом Аъзам сиёсатмадори бангладешӣ, ки то соли 2000 -ум роҳбарии ҷамоати исломии Бангладешро бар уҳда дошт дар синни 93 солагӣ ва дар зиндони ин кишвар аз олам даргузашт.

Ӯ дар 7- уми ноябри соли 1922 ба дунё омад ва андешаҳояш таҳти таъсири афкори Абулаълои Мавдудӣ шакл гирифтанд.

Дар соли 1971 замони ҷудошавии Бангладеш аз Покистон мухолифи ин тақсимот буд ва барои ҳифзи якпорчагии ин сарзамин бо роҳҳои сиёсӣ талош мекард. Ӯ ақида дошт, ки мардуми аҳрду кишвар як мардуманд ва тақсими кишварҳои исломӣ ба кишварҳои хурд барномаи истеъморгарон аст, то битавонанд мусалмононро ба осонӣ контрол кунанд. Профессор Аъзам ин тақсимотро ба манфиати бегонагон медонист ва барои ҳифзи якпорчагии он талош мекард.

Аммо Бангладеш дар охир аз Покистон ҷудо шуд ва дар соли 1994 аввалин бор профессор Ғулом Аъзам ба додгоҳ кашида шуд. Дар додгоҳ ӯро ба хиёнат ба ватан ва ҷиноятҳои ҷаннгӣ муттаҳам мекарданд, вале ягон далел барои ин даъвоҳо пайдо накарданд. Бинобарин роҳбари Ҷамоати Исломии Бангладеш дар он замон аз додгоҳ озод шуд ва ин кашмакаш байни ӯ ва масъулони кишвари Банғол идома дошт. Дар соли 2012 бошад ӯро бори дигар ба додгоҳ кашиданд. Ба гуфтаи тарафдорони профессор ин бор дар як ҳукми сиёсӣ додгоҳ аввал ӯро ба қатл маҳкум намуд. Аммо баъдан ба хотири синни боло ва хуб набудани саломатиаш ҳукми ӯро ба 90 сол зиндон тағйир доданд, дар ҳоле, ки худаш ҳам бештар аз 90 сол син дошт.

More From Author

You May Also Like