Categories СИЁСАТ

Ҳамоиш ба ёдбуди устодон 2 (лаҳза ба лаҳза)

(соат 11:15) Абдуллоҳи Нурӣ он буд, ки у тавонист гуруҳҳои мухталифи мухолифини ҳукуматро зери як ливо ҷамъ овард. Хизмати дигари Нурӣ дар он буд, ки у тавонист пеши роҳи истифодаи гурухҳои силоҳдор аз тарафи бегонагон гирад.

Дар таъмин намудани созишномаҳои сулҳ ва бартараф намудани барҳам хурдани Тоҷикистон хизмати бузурги устод Нурӣ ҳамчун раиси Комиссияи оштии миллӣ буд.

Рашид Абдулло дар бораи хизматҳои шоистаи шодравон Муҳаммадшариф Ҳимматзода низ суханҳои муассир гуфт.

Саид Иброҳими Назар, мушовири аршади ҳизб дар бораи мактаби устодон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода суханронд. Муҷаддид ва муслиҳи минтақа буданд, гуфт нотиқ. Албатта, бузургони дигар ба монанди Маавлавӣ Муҳаммадҷон Қуқандӣ буданд, аммо онҳо танҳо ба тадрис машғул буданд, лекин мактаби устодон мувофиқ ба замон буд. Диндорӣ ва тақвои устод Нурӣ ҳамеша барои у дар мадди аввал ва қобили пайравии дигарон буд.

Чунин зиндагӣ, мубориза насиби на ҳар сиёсатмадор буд. Устод Нурӣ аз солҳои нахустини ҳизбсозӣ дар солҳои ҳафтодум дизсузи шогирдон буданд. Вакте устод ба саҳнаи зиндагӣ ва сиёсат омаданд, Тоҷикистон кишвари баста буд. Устод нишон доданд, ки ислом хоси ҳама миллатҳост.

Толор ташрифи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро бо кафкубӣ пешвоз гирифт.

Дар хулосаи суханронӣ ҷаноби Иброҳим таъкид кард, ки мактаби устодон боиси тарғиб ва омузиш аст.

Дар ин лаҳзаҳо таронаҳо дар бори устодӣ аз тарафи бачаҳои маъсум идома дорад.

Ҷаноби оқои Ардуш, роҳбари Ройзании фарҳангии Эрон дар зимни суҳбат гуфт, ки уро насиб будааст, дар сафари охирин устод Нурӣ дар Теҳрон вохурӣ карда буд. Ӯ ба аҳли нишаст ва ҳизб комёбиҳо орзу намуд.
Намояндаи Маҷлиси намояндагон Суҳроб Шарифов қайд намуд, ки устод Нурӣ дар сулҳи тоҷикон саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар минбар Ҳуринисо Ғаффорзода, сарвари созмони ҷамъиятии «Оштии миллӣ аз хотираҳои худ дар бораи устод Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода нақл карда, гуфт ки ин ду абармард дар қатори Бобоҷон ­­Ғафуров ва дигарон арзанда ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон арзанда ҳастанд.

Яке аз шогирдони устодон Асадуллоҳи Вализода низ дар бораи хизмати бузургон ба ислом ва хотираи худ дар бораи ташрифи устод дар Теҳрон нақл кард.

More From Author

You May Also Like