nahzat.tj
Инно лиллоҳи ва инно илаӣҳи роҷиъун
Дишаб, 6 январи 2013 соати 1:40, Қозӣ Ҳусаӣн Аҳмад, собиқ амири (раиси) Ҷамоати исломии Покистон, бар асари зарбаи қалб дар яке аз беморхонаҳои Исломобод – поӣтахти Покистон дар синни 74 солагӣ вафот кард.
Имрӯз, 6 январ соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ ҷанозаи ишон дар боғи Ҷиноҳ воқеъ дар шаҳри Пишовар баргузор хоҳад шуд.
Қозӣ Ҳусаӣн Аҳмад, яке аз даъватгарон ва мутафаккирони исломӣ дар Покистон, аз соли 1987 то 2008 ҳамчун амири Ҷамоати исломии Покистон, ки аз қавитарин ва муназзамтарин ҳизбҳои исломии Покистон ба шумор меравад, дар ин ҷамоат хидмат кард.
Ӯ соли 1938 дар оилаи диндор дар Навшаҳри вилояти Хаӣбар-Пахтунхо (Пишовари собиқ) ба дунё омада аст.
Собиқ амири Ҷамоати исломии Покистон яке аз мухлисони Аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, шоъири Шарқ, буда, дар суханрониҳо ва хутбаҳояш аз ашъори ӯ ва дигар шоъирони порсӣ ба шакли чашмгир иқтибос меовард. Бо забонҳои порсӣ, арабӣ, англисӣ, урду – илова бар забони модариаш пашту – равон сӯҳбат мекард.
Қозӣ Ҳусаӣн Аҳмад оиладор, соҳиби ду писар ва ду духтар (ҳамаашон аъзои Ҷамоати исломӣ) буд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз даргузашти ин мутафаккири олами Ислом андӯҳгин буда, ба хонавода ва раҳбарияту аъзои Ҷамоати исломии Покистон арзи тасаллият намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил таманно дорад ва барои фақид ҷаннатулмаъво хоҳон аст.
Инно лиллоҳи ва инно илаӣҳи роҷиъун.