ИМА аз судури виза барои 20 мақоми давлатӣ, хабарнигор ва ҳамчунин гурӯҳҳои муҳофиз ва ташрифоти эронӣ, ки қасд доштанд дар маҷмаъи умӯмии СММ дар Нию – Йорк ҳозир шаванд худдорӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, аз шумори 160 визаи дархостӣ барои ҳайати ҳамроҳи раисҷумҳур наздики 20 нафар аз ҳамроҳии Маҳмуд Аҳмадинажод ба далели адми судури виза бозмонданд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи манбаъҳои эронӣ, ин кишвар ду моҳ қабл барои онҳо тақозои виза карда буд. Ҳамзамон то имрӯз маълумоте дар бораи радди виза ба ин афрод эълом нашудааст, аммо бисёре аз мақомоти эронӣ ба далели таҳримҳои муртабит бо барномаи атомии Теҳрон, ҳаққи сафар ба хориҷ аз кишварро надоранд.
Дар баробари ин манбаъҳо навиштаанд, ки вазорати хориҷаи Амрико низ дар ин замина ибрози назар кардааст.