Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.
Муҳаммад (с)-ро шахсияти истисноӣ ва нотакрор медонему бовар дорем. Тамоми хислатҳои нек ва рафтору кирдореро, ки дар бораи ӯ гуфтаанд ва ба ӯ нисбат додаанд, гирди ҳам ҷамъ кунем, офтоби безаволеро аз чеҳраи воқеии Паёмбари Ислом мемонад, ки то Рӯзи қиёмат дурахшанда боқӣ мемонад.
Шубҳае нест, ки дарсу баррасии намунае аз дидгоҳ, мавзеъгириҳову мудирияти маънавӣ ва сиёсии Паёмбари Ислом баёнгари биниши амиқи он Ҳазрат (с) дар сиёсат ва бархӯрд бо раванди ҷомеа хоҳад буд…
Ман ҳам хостам чизеро дар мавриди ҳиҷрати Паёмбар (с) бинависам. Дар бораи ҳиҷрат, бисёриҳо навиштаанд. Умед мекунам, такрор ҳам шавад аммо нуқоти наву тоза ва ҳадафманд низ дорад.
Ҳиҷрат яке аз муҳимтарин ҳодисаи таърихӣ барои мусалмонон дар ҳаёти Паёбар худашон мебошад. Ман намехоҳам ҳиҷратро чун достон ё қаҳрамонии шахси Паёмбар (с) баён кунам, балки мехоҳам ҳиҷратро аз рӯи ҳақиқат ва моҳияти он ҳамчун мактаб ва як манҳаҷе, ки дорои хусусиятҳои ибратӣ, тарбиявӣ ва сиёсӣ аст, баён кунам.
Мо дар ҳиҷрати Паёмбар (с) намунаҳои зиёде аз самимият, фидокорӣ, кордонӣ ва камоли иҳтиёт дар амнияти шахсӣ ва амнияти пайравон, муҳаббати Ватан, истифода аз нерӯ ва имконоти моддию маънавиро мебинем. Паёмбари мо ҳамаи инҳоро ба хотири расидан ба ҳадаф, ки он фирӯзии дину ақида аст, истифода бурдаанд.
Замон ва макон
Таърих нишон додааст, ки доъи (мубориз)-и муваффақ касе мебошад, ки фурсати замонӣ ва макониро медонад ва ба ҳисоб мегирад..
Дар ҳадиси қудсӣ омадааст: «Эй бандагони Ман, бешак, замини Ман васеъу фарох аст, пас, Маро бандагӣ кунед” Яъне модоме шумо дар рӯйи замин ҳастед, фурсат ҳам дар ихтиёри шумост, амал кунед, саъю талош намоед ва ризои маро ба даст биёред..
Фикр намекунем, ки ин ҷо мақсад аз макон пайдо кардан ҷойи хушбоду ҳаво ва макони ороми ба табъи дил ва муносиб барои зиндагӣ бошаду Паёмбар (с) зодгоҳи худ Маккаро ба хотири бадбинӣ тарк гуфта, ба Мадина рӯ ба ҳиҷрат ниҳад.
Шахсе, ки соҳиби ҳадафи олӣ бошад, Ватан ва зодгоҳи худро дӯст медорад ва бо тамоми ҳастӣ дар фикру зикри он аст, гарчанде дар ҳиҷрату хориҷ аз ватан ҳам бошад..
Ман дар дидор бо ҳамватанони муҳоҷир дар Русия, бародаронеро дидам, ки шаҳрвандии он кишвар, зиндагии хубу осуда доранд. Аммо дар суҳбат бо мо гуфтанд: “Мо аз Ватани худ, Тоҷикистон берун нашудаем, мо барои Ватани худ берун шудаем”.
Муҳаббат ва дилбастагӣ ба Ватан дар инсони дорои имону ақида хубтару бештар дида мешавад. Ҳиҷрати Расул (с) маҳз барои ин гуфтаҳо як саҳифаи нав ва намунавӣ буда метавонад.
Расулуллоҳ вақте аз Макка берун мешуд, гуфт: савганд ба Худо, эй Макка! Бешак, ту дӯстдоштатарин сарзаминҳои Худо барои манӣ ва агар аҳли ту маро аз ту берун намекард, ман ҳаргиз аз ту берун намешудам.
Расулуллоҳ (с) яқин дошт, ки дар фазои сокиту рокиди он давраи Макка ҳадафе, ки дорад – таъсиси ҷомеа ва ҳукумати исломӣ имкон надорад. Омилҳои зиёде буданд, ки барои таҳаққуқи амали дар боло ишорашуда халал мерасониданд. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо инҳоянд:
– ҳокимони мағруру мутакаббир;
– даст доштани ҳокимон ба имконоти бештари моддӣ. Ин ҳам дар ҳолест, ки пайравони ҳақ аз ин гуна имконот, махсусан имконоти моддӣ маҳрум буданд. Вале Худованд Паёмбарашро огоҳ мекунад: «Ва ба ёд дошта бош!!! Касоне кофир шудаанд, барои ту макр ва дасиса мекунанд, то туро ба зону биншонанд ё туро бикушанд ё берун (бадарға)-ат кунанд ва макр мекунанд ва Худо ҳам макр мекунад, ва Худо беҳтарин ҷазодиҳанда аст бар макри онҳо (“Анфол” 30).
Тавре гуфтам, макон, замон ва барномаи дурусту муносиб дар сарнавишти доъӣ (мубориз) ва ҳаракат нақши муҳим доранд. Ва Муҳаммад (с)-ро сарнавишти мушкилбори инсон, озору азияте, ки башарият аз ғафлату гумроҳӣ мекашид, водор мекард, то аз андеша ва тадбир кор бигирад.
Самимӣ будан дар ҳадаф
Паёмбар (с) дар ҳадаф (ақида)-и худ самимӣ буд, мушкилот, ранҷу озор, роҳат ва молу ҷоҳи дунё он Ҳазратро тағйир надод. Сарони Қурайш пеш аз он ки даст ба озору азият бизананд, ҳама воситаҳои рафоҳияти дунёиро барои Ӯ арз карданд, Ҳазрат рад карданд ва гуфтанд: эй амак..!! Савганд ба Худо, агар офтобро дар дасти ростам ва маҳтобро дар дасти чапам бидиҳанд, то ман аз ин кор бозистам, намеистам, то вақте Худо пирӯзам гардонад ё ман кушта шавам…
Ин ҷо муносиб мебуд ба ду нуқтаи дигари фаъолияти амалии Паёмбар (с) дар Мадина ишора кунем:
а) Мавқеъ ва фаъолияти муносибу самарбахш
Паёмбари Ислом (с) Мадинаро барои аҳдофи олие, ки дошт, ихтиёр кард. Бинобар ин шуруъ ба корҳои амалӣ мекунад, ибтидо аз:
– бинои масҷид –хонаи Худо- марказияти воҳид;
– бунёди ақида, ки Паёмбар (с) онро аз масҷид эҳё мекунад;
– эҷоди бародарӣ байни муҳоҷирин ва ансор, ухуввату бародарӣ дар канори имон;
-ҳамбастагии наве, ки асоси он имону ақида аст. Ин ҳам дар куҷо? Дар хонаи Худо;
– бастани як силсила паймонҳо бо сарони қавми яҳудӣ ва намояндагони дигар адёне, ки дар атрофи Мадина қарор доранд;
Ин ҳама аз стратегия ва барномаи амалии Паёмбар (с) бозгӯ менамояд.
Имрӯз масҷидро махсуси пиронсолон ва танҳо дар адои намоз маҳдуд кардан, чӣ маъно дорад? Масҷиде, ки нақши марказияти воҳидро дар эҳёи ақида, баробарӣ, ухуввату бародарӣ ва ҳамбастагии имонӣ надорад, кадом мушкилоти мусулмононро метавонад ҳал кунад? Бародарӣ бар асоси чӣ? Муомалот ва додугирифт, шиъорҳои миллӣ, марзӣ ва қавмию нажодӣ, то чӣ андоза метавонанд омили ваҳдат ва меҳвари қувват бошанд ва ба дарди ҷомеа дар ихтилофҳои оилавӣ ва қабилавӣ дармон шаванд?
Онон (мухолифони роҳи Худо ва тақво) касоне мебошанд, ки саъю талоши онҳо дар ҳаёти дунё барбод шуда, ва онҳо чунин меҳисобанд, ки кори хубе анҷом додаанд
(«Каҳф», 104)
б) Омезиш байни таваккул ва тавокул
Тавокул танҳо орзу ва таманниёт аст. Дар он саъю талош ва ҷидду ҷаҳде дида намешавад. Аммо таваккул иборат аст аз истифодаи василаҳои лозим ба хотири комёбӣ ва дастёфтан ба мақсуд.
Дар ҳиҷрати Расул (с) мо ин чизро ба хубӣ мебинем. Паёмбари Худо (с) аз тамоми василаҳои моддӣ ва воситаҳои заруриеро, ки имкони истифодаи онҳо вуҷуд дорад, дар ҳиҷрат кор мегирад:
– шарики муносиб барои сафар, ки баъди вафоти Паёмбар (с) ба ҳайси халифаи ӯ қабул шуд;
– маркаб (ба ривояте чор моҳ пеш аз ҳиҷрат Паёмбар (с) нигоҳубини аспҳоеро оғоз карда буд);
– ба кор гирифтани мутахассису роҳдон ва таъини маъош барои онҳо;
– захираи молӣ ва ғизоӣ (таъому шароб); ҳазрати Абубакр (р) тамоми дороияшро дар ин сафар ҳамроҳ гирифта буд;
Асмоа, духтари Абубакр (раз. анҳумо) ҳар бегоҳ барои онҳо дар ғори Савр таъом ҳозир мекард, Омир ибни Қуҳайра шабҳо барояшон шир меовард ва эшонро аз вазъияти берун бохабар мекард..
– пинҳон нигоҳ доштани рӯзи ҳиҷрат ба дараҷаи олӣ риоят мешуд. Ҳазрати Алӣ (р) дар бистари Паёмбар мехобад. Хати сайр дар ибтидо, ба тарафи шимол-Мадина ба тарафи ҷануб – Яман буд.. Се рӯз дар ғор қарор гирифтанд барои кам шудани амалиёти кофтуков ва ғайра..
Ҳар чизеро, ки дар ҳиҷрати Расул (с) мебинем, аҳамияти хоси худро дорад, чӣ барои ҳаёти Расул (с) ва чӣ барои ояндаи ҳаракату ҳифзи ҷомеа ва таъсиси давлати исломӣ ва чӣ барои ҳалли мушкилоти баъди мавти он Ҳазрат (с). Оё мо дар ҳиҷрат дар ибрат ба оммаи мусулмонон ҷойгоҳи ҷавонон ва занҳо, ки нақши онҳоро дар ҳиҷрати Расул (с) ва нашри Ислом фаромӯш кардаем, бо вузуҳ дида наметавонем? Оё дар ҳиҷрат ва ихтиёр кардани ҳазарати Абубакр (р) шарики сафар сиёсат ва маҳорати Паёмбар (с) барои ҳалли мушкили эҳтимолӣ дар ихтиёри ҷойнишин ҷой надорад?
Итминону боварӣ ба нусрати Аллоҳ
Бо вуҷуди таваккул – истифодаи асбобу васила, албатта, итминон ва боварӣ ба ваъдаи нусрати Аллоҳ омили асосӣ барои пирӯзӣ аст. Дар ҳиҷрати Расул (с) ин масъала ошкор ва равшан дида мешавад:
– итминони Паёмбар (с) бар саломатии ҷони Алӣ (р);
– рахна кардани сафи мушрикон ва берун шудан аз миёни онҳо;
Паёмбари раҳмат ба ваъдаи ёрии Аллоҳ бовар дошт. «Ва бар зиммаи мо нусрату кӯмаки муъминон ҳатмӣ мебошад («Рум»: 47).
Душман дар ҷустуҷӯи онҳо ба лаби ғор расидааст, пойҳои онҳо намудор аст, ҳазрати Абубакр (р) бесабрӣ дорад, вале Паёмбар (с) мегӯяд: эй Абубакр..!! Ором бош, дар ҳаққи ду нафаре, ки савуми онҳо Худо аст, чӣ фикр дорӣ? Ҳазрати Абубакр (р) мегӯяд: мо ба роҳ баромадем, дар ҳоле қавм дунболи мо буд. Пас, ба мо нарасид магар Суроқа писари Молики Ҷаъсам савори аспаш. Гуфтам: Ин ҳамонест, ки дар ҷустуҷуи мо ҳаст, эй расули Худо! Расули Худо гуфт: ғамгин набош, Парвардигор ҳамроҳи мост..
Паёмбари мо (с) тамоми василаҳоро барои саломатии худ ва ҳифзи саломатии ёрон, пирӯзии ин ҳаракат фароҳам овард, ҳама воситаҳоро истифода бурд, баъд ба сӯйи Парвардигор рӯй оварда, илтиҷои нусрату кӯмак кард.
Он чӣ аз қалам болои қоғаз афтидааст парокандаву тор-тор, дарсе роҷеъ ба ибрат аз ҳиҷрати Расул (с) буд, ки дар таърих мо шоҳиди он ҳастем..
Муқассир ҳам ҳастам, чун дар баёни сиёсат ва ибратҳои он кӯтоҳӣ карда бошам, ин заъфи зеҳну идроки ман аст.
Муҳаммадсаид Ризоӣ