Бозгашт баъди 67 соли ғурбат

Таври маълум, чун дар сарзамини бобоии мо Инқилоби Уктобр ғалаба кард, беҳтарин олимони Исломро «кулак» ва «душмани халқ» гӯён нобуд ё ба Сибир бадарға карданд. Онҳое, ки гирифтори чунин иттиҳом мешуданд, зану фарзандашон низ ҳамчун душмани халқ муаррифӣ мегаштанд. Қаҳрамони 106-солаи мо низ яке аз ҳамон афродест, ки бинобар писари марди дорою имондор буданаш дар солҳои 30-40-уми асри гузашта мавриди зулму уқубати низоми лодинӣ қарор мегирад ва маҷбур мешавад, Тоҷикистонро ба қасди Афғонистон тарк гӯяд …
Ҳоҷӣ Абдулазизи Қорӣ Абдураҳмони 106-сола феълан сокини деҳаи Арчаи ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор аст. Ӯ соли 1908 дар деҳаи Маликоваи Ёхсӯи ноҳияи Данғара дар оилаи Қорӣ Абдураҳим, ҳофизи Қуръон, олими Ислом ба дунё омадааст.
Тавре худи ӯ нақл мекунад, падараш замину чорвои зиёде дошта. Вале «Ҳукумати Шӯравӣ рамаи гӯсфанду говҳоямонро гирифта, падарамро дастгир карданд, аммо ӯ тавонист, ки гурезад. Аскарони шӯравӣ аз пушташ тир ҳам холӣ карданд, лекин ӯро натавонистанд дигарбора дастгир намоянд, вале бобоямро гирифта, ба Кангурт бурданд ва он ҷо ба муддати шаш моҳ зиндонаш карданд », гуфт Абдулазизи Қорӣ Абдураҳмон.
Ӯ меафзояд: барои саводнок шудани кӯдакону калонсолон дар деҳаи Маликова Ҳукумати Шӯравӣ мактаби ибтидоӣ ташкил кард, ки ба он наврасон ва занони калонсол ҷалб карда шуданд. Ман ҳам ба мактаби деҳаамон барои сабақомӯзӣ рафтам, вале гуфтанд, ки «ту ба мактаб қабул карда намешавӣ, падари ту қории Қуръон аст» ва маро аз мактаб ронданд. Ниҳоят соли 1926 дар деҳаи Тутбулоқ мактаб кушоданд, ки ман он ҷо таълим гирифтам. Ин замоне буд, ки мо барои дарёфти зиндагии оромтаре аз Маликова ба деҳаи Девонаи Боло, наздикии Кангурт кӯчидем. Як муддат мо он ҷо зиндагӣ карда, сипас ба деҳаи Оқҷари ноҳияи ҳозираи Восеъ омадем ва ахиран, дар солҳои сиюм ба ноҳияи Фархор кӯч бастем.
Замоне ки оилаи қаҳрамони матлаби мо ба ноҳияи Фархор мекӯчад, дар ноҳияи мазкур мактаби чандмоҳаи муаллимтайёркунӣ ифтитоҳ меёбад, ин ҳам дар ҳолест, дар деҳа ба ҷуз аз Абдулазизи Қорӣ Абдураҳмон ва як зани дигар каси дигаре пайдо нашудааст, ки хондану навиштани хати сирилликро балад бошад. Бинобар ин «маро гуфтанд: барои хондан ба Фархор меравӣ ва хонда муаллим мешавӣ. Ман розӣ нашудам. Падарам бошад, гуфт, ки «моро таъқиб карданд, ки дар натиҷа, аз Маликова то Кангурту Оқҷар кӯчидем, беҳтараш розӣ шав барои ба курси муаллимтайёркунӣ рафтан, вагарна оилаамонро бадарға хоҳанд кард, дар чунин ҳол, ман розӣ шудам».
Ҳамин тариқ, Абдулазиз ва зане, ки саводи сириллик дошт, ба омӯзиш фиристода шуда, онро ба итмом расониданд, аммо соли 1937 Қорӣ Абдураҳмон ба кунҷи зиндон афганда шуда, писари ӯ аз муаллимӣ дар мактаб ронда шуд. Бо аз кори муаллимӣ ронда шудани писари Қорӣ Абдураҳмон гумон мерафт, ӯро дигар ба кор намепазиранд, аммо чун афроди балад ба хондану навиштани сириллик ангуштшумор буданд, ӯро котиби деҳаи Шӯрқул таъин карданд ва то соли 1943 дар ин деҳа котибӣ кард, аммо ҳанӯз ҳам ин поёни ҳалли масъала ва хотимаи таъқиби оилаи Қорӣ Абдураҳмон набуд.
Ҳарчанд ӯ котиб буд, аммо аз сабаби он ки мардони деҳа ба ҷанг сафарбар шуда буданд, нерӯи корӣ намерасид, ба ҳамин хотир ӯ маҷбур мешуд, шабҳангом ба кӯмаки тракторчиён шитобад. Бо вуҷуди ин ҳама заҳмат фарде бо исми Раҳимов, ки он замон котибии ҳукумати иҷроияро ба уҳда дошт, собиқ муаллимро бо коргурезӣ муттаҳам намуд, ки дар натиҷа, ин кор ба додгоҳ кашида шуд. Додгустар, ки қазоқтабор буд, баъди баррасии парвандаи Абдулазиз ҷурмеро пайдо накард, вале котиб шарт гузошт, ки ӯ бояд ба маҳкама кашида шавад, бинобар ин тасмим гирифта шуд, ки Абдулазиз на ба зиндон, балки ба ҷанг равон гардад. Маҳз ҳамин амал сабаб шуд, ки ӯ тарки Тоҷикистон намояд.
Абдулазиз фирори худро ба Афғонистон чунин ташреҳ кард: шоме, ки бояд фирор мекардам, ба хона омада, аз модарам дуо гирифтам. Хоҳарам гуфт: ака, куҷо меравӣ? Гуфтам:. Афғонистон
Хоҳарам зорию тавалло КАРД, ки ӯро ҳамроҳ бигирам. Ҳарчанд итминонаш додам, ки бо ман будани ӯ ҷуз азоб дигар оқибате нахоҳад дошт, вале ӯ пофишорӣ кард, ки ҳамроҳ гирамаш, зеро зимни будани ман дар Тоҷикистон касе наметавонист ӯро ба коре маҷбур намояд. Набудани ман бо онҳо бошад, барои ба кор ҷалб намудан ва ё ба таҳсили механизаторӣ фиристодани ӯ имкони бештаре фароҳам меовард, ки инро худи хоҳарам эҳсос карда буду далели рафтанаш бо ман ҳам гурез аз ҳамин гуна мушкилот буд. Ниҳоят шаби ҷумъа, 13 марти соли 1943, вақте ба сарҳад расидем, ғайр аз ману хоҳарам боз 12 нафари дигар ба мо ҳамроҳ шуда, дарёи Панҷро убур намудем.
Дар он сӯйи Ому сарҳадбонони Афғонистон моро дастгир карда, дар Ҷангалқалъа 7 рӯз боздоштамон намуданд, баъдан , дар масҷиди деҳае моро ҷо карданд. Дар масҷид ҳама якҷоя нишаста будем, марде назди мо даромад, ки чеҳраи ӯ бароям шинос буд. Ба хотир овардам, ки ӯро дар деҳаи Маликова дидаам, лекин ҳарчанд фикр мекардам, чӣ ном дорад ва писари кист, ба хотирам намеомад. Вай баъди салому алейк ҳар кадомеро мепурсид, ки аз қуҷои Тоҷикистон ҳастем. Вале он ҷо ба ҷуз аз ман касе аз Данғара набуд, бинобар ин пурсид, касе аз Данғара ҳаст? Гуфтам: бале. Гуфт: аз куҷои Данғараӣ? Посух додам, ки аз Маликоваи Ёхсӯи Данғара ҳастам.
Ба нақли Абдуалазизи 106-сола, баъди пурсуҷӯи ҳамдигар бо он тоҷики муҳоҷир дарёфтааст, ки ӯ низ замоне ҳамдеҳааш будааст ва маҳз он мард суроғаи ақрабои Абдулазизро, ки дар Бағлон ба сар мебурдаанд, гуфтааст.
Аз миёни ҳамаи муҳоҷирине, ки ба Афғонистон рафтанд, танҳо Абдулазиз суроғаи хешонашро пайдо кард. Вале натавонист ба дидори хешовандонаш бирасад, зеро ба зиндон уфтод. Дертар ӯ озод гашт, аммо уҳдадор буд, ки дар хонаи вазири зироати онвақтаи Афғонистон машғули кор бошад. Дар чунин ҳол, метавонист озодии куллиро ба даст биёрад. Тибқи ин қарор, ки бояд тӯли як сол ба хидмати ройгони вазир камар мебаст, рӯзҳои истироҳат ба суроғи ақрабо, холаҳояш мешитофт. Маҳз дар ин муддат ӯ муваффақ ба ёфтани холаҳояш дар Бағлони Афғонистон гашт.
7 соли аввали зиндагии Абдулазизи Қорӣ Абдураҳмон дар Афғонистон бо муҷаррадӣ гузашт, аммо баъди гузашти ин муддат соҳиби хона шуда, оила барпо кард. Марҳалаи дигари зиндагии ӯ дар ин ҷо шуруъ шуд, ки бо гузаши 15 соли умраш дар он сӯйи Ому аз ҳоли наздиконаш дар Тоҷикистон хабар надошт.
Модару бародари ӯ, ки дар ин тарафи Ому монда буданд, ҳамчунин марги хоҳараш дар Афғонистон беш аз пеш ғами Абдулазизро меафзуд. Ин дар ҳоле буд, ки донистани хати сириллик дар Афғонистон метавонист балои дигареро ба бор биёрад, барои ҳамин писари Қорӣ Абдураҳмон ёрои навиштани мактуб ба модарро намекард. Бо вуҷуди ин ҳама хафвҳо ниҳоят ҷуръат ба тарс ғолиб омаду Абдулазизи Қорӣ Абдураҳмон ба модар мактуб навишт. Ӯ мегӯяд: ба коргоҳи қандбарорӣ, ки ба мо наздик асту мудом барқ дорад, рафта, саргузаштамро пурра навиштам ва субҳи дигараш бо эҳтиёт, ки ягон ҳамсоя нафаҳмад, онро ба почта бурдам ва баъдан, маълумам гашт, ки се моҳ пас аз навиштан нома ба Тоҷикистон расидааст. Аз ин ҷониб ҳам бо талошҳои зиёд тавонистанд, ки ба ман мактуб бифиристанд, зеро бо баҳонаи амади маркаи байналмилалӣ нома дар Тоҷикистон гир уфтодааст. Баъди расидани мактуби ҷавобӣ ба Афғонистон дар бозор мактубамро хонданд. Як ҳамсояамон, ки Абдураҳмон ном дошту писараш Абдулазиз, фикр кардаанд, ки мактуб аз ӯст, бинобар ин ба суроғаи вай равонаш кардаанд. Аммо касе мактубро хонда натавонист, зеро он бо хати сириллик навишта шуда. Барои ҳамин маро даъват намуданд, то мактубро бихонам.
«Чун ба хонаашон рафтам, директори мактаб, масъулони корхонаи қанд, мирзоҳо, намояндагони ҳукуматро ҳама он ҷо дидам. Мактубро наздам гузоштанд ва дидам, ки он ба суроғаи ман омадааст, хостам доду фиғон бардорам, аммо боз ҳам худдорӣ намудам. Маро пурсиданд, ки мактуб навишта будам ба Тоҷикистон, вале банда қоил нашудам. Вақте номаро хондам, хабар ёфтам, ки модару додар ва амакҳоям зиндаанд », афзуд ҳамсуҳбатам.
Чун мактуб дар ҷамъе хонда шуд ва ширкатдорони он ҷо дарк карданд, ки Абулазизи Қорӣ Абдураҳмон хати кириллиро мутолиа карда метавонад, аз муздурӣ ва деҳқонӣ то ҷое халос шуд. Ҳар муҳоҷире, ки медид, Абдулазиз каланд мезанад, кори ӯро ба уҳда мегирифт, то барои азизонаш ба он сӯйи ому мактубе нависад.
Ҳоҷӣ Абдулазиз бо ёдоварӣ аз таҳоҷуми ИҶШС ба хоки Афғонистон мегӯяд: Ҳукумати Шӯравӣ аввал ба Афғонистон бидуни лашкар ворид шуда, роҳу корхона бунёд карда, беморхона сохт, ободӣ карда, баъд артишашро даровард. Ҳамчунин кореро, ки дар Тоҷикистон дар солҳои аввали барқарории низоми шӯравӣ ба роҳ монда буд, он ҷо низ роҳандозӣ кард, ки дар натиҷа, мардуми зиёде фирорӣ шуданд.
Аз ҷониби дигар давлати Покистону Эрон эълон карданд, ки дар Афғонистон куффор даромадаанд, сарҳадҳои худро ба рӯйи Афғонистон кушоданд, то барои фирориён монеа эҷод накунанд. Бо вуҷуди ин ҳама мардуми ҷасур ва азияткашидаи Афғонистон ба шӯравӣ сар нафаровард ва дар ниҳояти кор бар артиши шӯравӣ ғолиб омад.
Таври маълум, баъди шикасти шӯравӣ дар Афғонистон ва пурра аз байн рафтани ин иттиҳод равуо миёни ду ҳамсоякишвар озодтар гашт. Ҳол он ки дар ин муддат қаҳрамони мо ба зиёрати ҳаҷ мушарраф гашта буд, аммо Тоҷикистон наомада буд, вале мукотибаҳояш бештар гашта буданд.
Ҳамин тариқ, бо ба даст овардани истиқлолият ӯ танҳо тавонист, ки 10-уми апрели соли 2000 ум вориди хоки аҷдодӣ гардад, вале бо гузашти ду моҳу 20 рӯзи меҳмонӣ ба Афғонистон баргашт. Чун он ҷо оила барпо намуда буд, вале фарзанд надошту ҳамсараш низ даргузашта, сукунат дар Тоҷикистонро авло донист, ки 10 сол баъд аз сафари аввалааш Афғонистонро ба қасди Тоҷикистон якборагӣ тарк гӯяд.

М. Мустақим

More From Author

You May Also Like