Дархости Сисӣ барои музокира бо сарони Ихвонулмуслимин

Ҳизби озодӣ ва адолати Миср, шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин шаби гузашта аз дархости Сисӣ, омили аслии кудатои низомии Миср барои музокира бо сарони Ихвонулмуслимин парда бардошт, менависад хабаргузории “Ислом-таймз”.

Ризо Фаҳмӣ, раиси Комиссияи умуру хориҷӣ дар парлумони мунҳалшудаи Миср ва яке аз тарафдорони Мурсӣ дар ин бора гуфт, ки ин дархости Сисӣ бо радди “Эътилофи миллӣ барои ҳимоят аз машруъият”, ки аз замони барканории Мурсӣ тазоҳуротҳо ва фаъолиятҳо ба тарафдорӣ аз Мурсиро бар дӯш дорад, мувоҷеҳ шудааст.

Дар идомаи гузориши Ҳизби озодӣ ва адолат омадааст, ки далели Сисӣ ин будааст, ки Ихвонулмуслимин барои ҳифзи Ватан омодагӣ ва фидокорӣ доранд, аммо дархости ӯ бо мухолифати ихвониҳо рӯбарӯ шуд.

Оқои Фаҳмӣ хотирнишон кард, ки идомаи ҳузур дар хиёбонҳо ва густариши инқилоб танҳо роҳе аст, ки сарони эътилофи ба он такя мекунанд.

Ин увзи эътилофи тарафдори Мурсӣ ҳамчунин таъкид кард, ки посухи эътилоф ба ин пешниҳодот “На”-и қотеъона аст.

Вай дар бораи изҳороти Набил Фаҳмӣ, вазири умури хориҷаи Миср дар хусуси баргузории интихоботи парлумонӣ байни моҳҳои феврал ва марти оянда ва интихоботи президентӣ дар тобистони оянда, чунин гуфт: “Эътилофи миллӣ барои ҳимоят аз машруъият” ҳаргиз дар ҳеч гуна интихоботе, ки аз “кудато алайҳи машруъият” бархостааст, ширкат нахоҳад кард.

More From Author

You May Also Like