Categories Ахбори рӯз

Дархости Сандуқуи Байналмилалии Пул аз Ҳукумати Тоҷикистон

Люк Моерс, намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул зимни сӯҳбат бо хабарнигори Би Би Сӣ аз нашр нагаштани натиҷаи бозраси шикати “Талко” изҳори нигаронӣ намудааст. Намояндаи СБП Люк Моерс ба он ишора намуда, ки дар мавриди нашр гаштани натиҷаи бозрасии “Талко” ду маротиба ба Ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда, аммо то ҳол ин натиҷа ба ҷомеа муаррифӣ нагаштаанд. Сандуқи Байналмилаии Пул аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста, то натиҷаи ин бозрасиҳо дар ихтиёри ҷомеа гузошта шавад. Гуфтанист бозрасии ширкати “Талко”-ро ширкати бозрасии “Моерс Стивенз” ба дӯш дошт. Ин дархости СБП дар ҳолест, ки таҳқиқи Бонки Милли Тоҷикистон аз сӯи СБП асрорҳои зиёдеро бозкушойи намуд. Аз сӯи дигар нашр шудани натоиҷи бозрасии ширкати «Талко» -ро натанҳо дар Тоҷикистон, балки созмонҳои дигар байналмилӣ низ интизоранду пинҳон доштани он ба манфиати роҳбарияти Тоҷикистон нахоҳад буд.

More From Author

You May Also Like