Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба Кумитаи давлатии родию ва телевизиюни ин кишвар дархости расмӣ дар мавриди ифтитоҳи шабакаи телевизиюн ва родиюи ин ҳизбро таслим кардааст.
Воҳидхон Қосиддинов, раиси дастгоҳи ҲНИТ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар мулоқот бо Саидалӣ Сиддиқов, муъовини аввали раиси ин кумита, мавзӯъи мусоъидати ин ниҳод ба таҳияи аснод барои дарёфти муҷаввизи фаъъолияти родию ва телевизиюни ҳизбӣ матраҳ шудааст.
Оқои Қосиддинов гуфт, ки дар назар аст, дар марҳилаи аввал барномаҳои телевизиюн ва родиюи ин ҳизб дар ҳудуди Тоҷикистон пахш шуда, сипас, роҳҳои пахши ин барномаҳо аз тариқи моҳвора баррасӣ хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, ки дар соли 2004, дар замони раёсати Саид Абдулло Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ, ин ҳизб барои роҳандозии шабакаҳои телевизиюн ва родиюи ҳизбӣ талош карда, аммо ноком шуда буд.
Зимнан, дар Истротежии ҷадиди ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар моҳи сентябри соли 2009 тасвиб шуд, таъсиси шабакаҳои телевизиюн ва родиюи ҳизбӣ то соли 2015 пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, дар мавриди дарёфти муҷаввизи фаъъолият барои шабакаҳои телевизиюн ва родиюи ҲНИТ тардид дорад.
Вай гуфт: “Баъид аст, ки давлати Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 барои ҳизби умдаи мухолифи давлат минбаре таблиғотӣ фароҳам кунад.”
Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, кумисиюне, ки барои родию ва телевизиюнҳо муҷаввиз медиҳад, як ниҳоди вобаста ба Кумитаи давлатии родию ва телевизиюн буда ва ягон рӯзноманигори мустақил дар он узвият надорад. Бино бар ин, фаъъолияти ин ниҳод низ шаффоф нест.
Ӯ гуфт, ки масъулони расонаҳо ва созмонҳои хабарнигорӣ борҳо аз давлати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки Кумиссиюни ҷавоз аз кумита мустақил ва фаъъолияташ шаффоф шавад.
Феълан дар шаҳри Душанбе танҳо “Симои мустақилли Тоҷикистон” ба унвони як шабакаи мустақилли телевизиюнӣ фаъъолият мекунад. Талошҳои хабаргузории “Asia-Plus” барои дарёфти муҷаввиз барои фаъъолияти шабакаи телевизиюнии ин хабаргузорӣ натиҷае надодааст.
Ҳарчанд Кумитаи родию ва телевизиюн аз фаъъолияти беш аз 10 шабакаи мустақилли телевизиюнӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон гузориш дода, аммо ба гуфтаи масъулони ниҳодҳои хабарнигорӣ, ин шабакаҳо хабарӣ набуда, умдатан барномаҳои саргармкунанда пахш мекунанд.