Қабл аз зуҳри рӯзи 17-уми сентябр дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Душанбе, суҳбати ниҳоие доир гардид бо иддае аз ҷавонони тоҷик, ки ҳамчун донишҷӯ дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон озими сафар ба кишвари дӯст ва бародари Ирон мебошанд.
Тавре аз сӯҳбат бо мақомоти сафорати Ирон дар Тоҷикистон маълум гардид, донишҷӯёни тоҷик субҳи якшанбеи 21-уми сентябр аз тариқи ҳавопаймо озими Теҳрон мешаванд.
Вале суҳбати онҳо дар сафорати Ирон бо ташабусси масъули кор бо илм ва донишҷӯёни ин сафорат, ҷаноби оқои Асғарӣ доир гардид, ки қасд ироъаи насиҳату тавсияҳои судманд ҷиҳати назокатҳои сафар ва чигунагии дарёфти илму ҳадафмандона дунбол кардани он буд.
Дар ин нишаст сардори раёсати робита бо кишварҳои хориҷии Вазорати маъориф ва илми кишвар, ҷаноби Ҳамрохон Алиев ва ноиби сафири ҶИИ дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Алипур ҳам ширкат доштанд ва ҳар кадоме аз ишон ба ҷавонони довталаби илму касби тоҷик тавфиқ ва пирӯзи таманно карданд.
Categories
Ахбори рӯз