З-ончи аз катм омада ба аён,
Сафи аввал сафи малоика дон.
Бандагонанд ҷумла фармонбар,
Нокашида ба куфру исён1 сар.
Муттасиф2 не ба модагиву нарӣ,
В-аз заношавҳарӣ ҳамеша барӣ.
Ҳама аз вусмати3 инод4 масун5,
Мустақар6 дар мақоми ло яъсун7.
Баъзе андар шуҳуди8 Ҳақ доим,
Дар ҷамолу камоли Ӯ ҳоим9.
Маънии абёт:
Он чи аз пӯшидагии адам ба олами вуҷуд омадааст, фариштагон дар сафи нахустин қарор доранд. Онҳо бандагоне ҳастанд, ки ҳамагон аз Худованди бузург фармонбардорӣ карда, ҳеҷ гоҳ куфр, исён ва саркашӣ намекунанд. Аз нару модагӣ дур ва аз кори издивоҷ ва зану шавҳарӣ фориғ ҳастанд. Ҳама аз нишони мухолифат поканд ва пайваста машғули ибодат ва мушоҳида буда, дар андешаи камолу ҷамоли Худованд дар мақоми ҳайрат қарор доранд.
Бехабар з-он ки дар нишемани10 буд,
Оламе ҳасту одаме мавҷуд.
Дида бар ғайри Ҳақ наяндозанд,
Бо худу ғайри худ напардозанд.
Қисми дигар мудаббири11 ашбоҳ12,
Мутасарриф дар он сабоҳу13 равоҳ14.
Карда ҳар як ба муҷиби тақдир,
Дар ҳаёкил15 тасарруфу тадбир.
Гардиши осмон аз эшон аст,
Ҷунбиши ҷисму ҷон аз эшон аст.
Маънии абёт:
Аз ин ки дар фарохнои олам ва одамӣ падид омада бошад, хабар ва огоҳӣ надоранд. Чашми худро ба ғайри Худованд ҷалла ҷалолуҳу бар мавҷуде ҷуз Ӯ боз накунанд ва аз мушоҳидаи Ҳақ таъоло ба вуҷуди худ ва дигарон машғул нагарданд. Гурӯҳе аз эшон ба тадбири пайкараҳои мавҷудот машғулият дошта, субҳу шом дар онҳо ба муҷиби дастур тасарруф мекунанд. Ҳар кадоме аз онҳо мувофиқи тақдири Худованд дар пайкараҳои мумканот ба тадбиру тасарруф ишғол доранд. Гардиши осмону ситорагон ва оромишу ҳаракоти ҷондорон ба тадбиру кори эшон бастагӣ дорад.
Нафитад қатрае нами борон,
З-абр бар шаҳру дашту кӯҳсорон.
Ки на бо он фариштае ояд,
К-аш ба он ҷо барад, ки мешояд.
Надамад барги тозае бар шох,
Дар чаманҳову бешаҳои фарох.
Ки на ҷамъи фариштаро ба масал,
Бошад андар вуҷуди он мудхал16.
Аз малоик чаҳор машҳуранд,
Ки ба асмои хеш мазкуранд17.
Маънии абёт:
Як нам ва ё як қатраи борон аз абр бар дашт, шаҳр ва кӯҳсорон фурӯ намерезад, магар ки ҳамроҳ бо он фариштае ҳамроҳ меояд, то онро ба ҷое, ки лозим аст бирасонанд. Ҳамчунин дар чаманзорҳову ҷангалҳои паҳновару бузург барги тозае бар шохи дарахтон сар намезанад, магар ки ҷамъе аз фариштагон дар рӯидану парвариши онҳо мудохилат доранд. Аз ин фариштагон чаҳор тан шуҳрат доранд ва нисбат ба дигар фариштагон бартар ва муқарраб ҳастанд, ки исмҳои онҳо зикр мешавад:
Ваҳйю18 танзил19 кори Ҷибрил аст,
Нафх20 дар сур21 аз Сирофил аст.
Кофили22 ризқҳост Микоил,
Қобизи23 рӯҳҳост Азроил.
Чори дигар муваккили24 башаранд,
Ки нависандагони хайру шаранд.
Ду ба рӯзанд бо ваю ду ба шом,
Бар ямину25 ясор26 карда мақом.
Маънии абёт:
Фуруд овардани фармони Худованд бар пайғамбарон кори Ҷабраил(а) аст ва дамидан дар сур амали Исрофил (а) мебошад. Фароҳамоварии арзоқ ба Микоил(а) тааллуқ дорад ва гирифтану қабз кардани ҷонҳои халоиқ кори Азроил(а) аст. Чаҳор фариштаи дигар бар ҳар яке аз одамиён гумоштаанд, ки кирдори неку бади онҳоро менависанд. Ду тан аз онҳо дар рӯз ҳамроҳаш ҳастанд ва дуи дигар дар шаб, яке аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи вай қарор гирифтаанд.
Котибулхайр27 он яке зи ямин,
Шарру исён рақам занад28 дувумин.
Метавонанд пеши чашми башар,
Ки намоянд хешро ба сувар29.
Хоса дар чашми ҳодиёни30 субул,
Аз улулазму31 анбиёву русул.
Баёни имон ба анбиё
ва русул алайҳисалом
Анбиё баргузидагони Ҳаққанд,
Бурда аз кулли мо халақ сабақанд.
Бар сивои худ аз банӣ Одам,
Фазл доранд бар малоика ҳам.
Маънии абёт:
Яке аз эшон ба тарафи рости инсон ҷой дорад ва кирдори неку шоистаи ӯро менависад ва дигаре ба тарафи чап мақом гирифтааст ва аъмоли нописанди ӯро менависад. Ин фариштагон тавоноие доранд, ки дар пеши чашми инсон худро ба суратҳои ҷисмонӣ намуддор гардонанд. Хусусан дар чашми раҳнамоёни дин ва пайғамбарони бузург ва расулои ростин, худро ошкор мегардонанд.
Баёни имон овардан ба
пайғамбарон ва расулон
Пайғамбарон баргузидагони Ҳақ таъолоянд, ба ҷуз Худованди бузург бар ҳамагон бартарӣ доранд. Онҳо ба ғайри худ бар афроди банӣ Одам ва фариштагон низ фазилат доранд.
Нафсу шайтон ба қасди ҷурму гуноҳ,
Натавонанд задан бар эшон роҳ.
В-ар ба фарзи муҳол ё нодир,
Аз яке зиллате32 шавад содир.
Пеши арбоби шаръу дин он ҳам,
Муштамил33 бар масолеҳ34 асту ҳикам35.
Одам он дам, ки хӯрд гандумро,
Тухм мекошт насли мардумро.
Донаеро, ки хӯрд аз он шаҷара36,
Шуд вуҷуди ману туаш самара.
Маънии абёт:
Васвасаи Шайтон ва ё хоҳиши нафсонӣ барояшон роҳзанӣ наметавонад кунад. Ба қасду ирода ҳеҷ гуноҳе аз онҳо падидор намегардад, агарчи гуноҳи қасдӣ аз пайғамбарон муҳол аст. ба фараз, агар лағзише ба вуҷуд ояд, ин лағзиш низ бино ба маслиҳат ва ҳикматҳо будааст. Он гоҳ, ки Одам(а) дар биҳишт гандумро хӯрд, гӯё барои ба вуҷуд омадани фарзандони худ, ки банӣ Одам бошанд, тухм мепошид. Оре, хӯрдани донаи гандум бидуни қасд, ки Худованд вайро аз хӯрданаш манъ фармуда буд, самару меваи он вуҷуди ману ту будааст.
Баёни фазилати набии мо
ҳазрати Муҳаммад(с)
Ҳаст бар муқтазои фазли азал,
Баъзе аз баъз афзалу акмал.
В-аз ҳама афзал Аҳмади арабист,
Ки зи Ҳақ сӯи мо расулу набист.
Он фазоил, ки анбиёро буд,
В-он шамоил37, ки асфиёро38 буд.
Гар шаванд муҷтамеъ39 бо ҳам,
Ҳама бошад зи фазли Аҳмад кам.
Ҳар набиро, ки ҳуҷҷате доданд,
Ҷониби уммате фиристоданд.
Нест мабъус40 пеши шаръшинос,
Ғайри Аҳмад касе ба коффаи41 нос42.
Маънии абёт:
Ба хостаи фазли азалии Худованд баъзе аз пайғамбарон ва расулон аз баъзеи дигар дорои камол ва фазилати зиёдтаре ҳастанд. Бузургтар ва афзали онҳо ҳазрати Муҳаммад(с) мебошад, ки аз нажоди Араб ва аз тарафи Худованд ба сӯи мо ба рисолат ва пайғамбарӣ фиристода шудаанд. Ҳамаи фазилату бузургиҳое, ки барои пайғамбарон будааст ва ҳамаи авсофи писандидае, ки ҳамаи баргузидагони Худованд доштанд, агар ҳамаи он авсофу хубиҳоро ҷамъ кунем, аз авсофи фархундаву ахлоқи писандидаи Пайғамбари мо (с) камтар мешавад. Ҳар пайғамбареро ҳамроҳи далелу муъҷиза ба сӯи қавме хос фиристоданду равон карданд. Назди касе, ки аз шариъат огоҳӣ дорад, ба ҷуз ҳазрати Муҳаммад(с) дигар пайғамбаре ба тарафи умуми мардум ба рисолату пайғамбарӣ фиристода нашудааст.
Баёни хотамулмурсалин43
будани он Ҳазрат(с)
Хотамуланбиёу вар-расул аст,
Дигарон ҳамчу ҷузву ӯ чу кул(л) аст.
Аз паи ӯ расули дигар нест,
Баъди ӯ ҳеҷ кас паёмбар нест.
Чун дар охирзамон ба қавли Расул,
Кунад аз осмон Масеҳ нузул.
Пайрави дину шаръи ӯ бошад,
Тобеъи аслу44 фаръи45 ӯ бошад.
Дин ҳамин дину шаръи ӯ донад,
Ҳама касро ба дини ӯ хонад.
Маънии абёт:
Ҳазрати Муҳаммад(с) хатмкунандаи пайғамбарону расулон ҳастанд. Шариъати эшон дорои дасотири куллӣ ва дини пайғамбарони дигар нисбат ба дини ислом ба манзалаи ҷузъ қарор дорад. Баъд аз он Ҳазрат дигар касе ба рисолат ва пайғамбарӣ фиристода намешавад. Дар охири замон тавре ки Расули Худо (с) фармудаанд, чун ҳазрати Исо (а) аз осмон фуруд ояд, аз дини ҳазрати Муҳаммад(с) пайравӣ мекунад ва дар масоили ҷузъиву куллӣ аз дини пойдори ислом мутобиъат дорад. Худи ҳазрати Исо(а) низ ба ҳамин шариъат даъват мекунад.
Баёни носих будани шариъати он Ҳазрат(с) шариъатҳои дигарро
Шаръи ӯносихи46 шариъатҳост,
Ҳар шариъат, ки ғайри ӯст ҳабост47.
Гар фитад ҳукми шаръи он Сарвар,
Муттафиқ бо шариъати дигар.
Нест онро мутобиъат асло48,
Ҷуз аз ин рӯ, ки шаръи ӯст раво.
Баёни шаби меъроҷи он Ҳазрат(с)
Бурд бедор Ҳақ шаб аз он Батҳо49,
Ба тан ӯро ба масҷиди Ақсо50.
Кард он ҷо мақар51 ба пушти буроқ,
Мутаваҷҷеҳ ба қатъи52 сабъ тибоқ53.
Маънии абёт:
Шариъати ҳазрати Муҳаммад(с) шаръи пайғамбарони дигарро насх мекунад ва ҳар шариъате, ки ғайр аз шариъати он Ҳазрат(с) бошад, мансух аст, ки бад-он кор намешавад. Агар ба фарз, ҳукми шариъати ҳазрати Муҳаммад(с) ҳамроҳи шариъати пайғамбарони дигар баробар ва мувофиқ воқеъ шавад, ин мувофиқат бад-он маънӣ нест, ки шариъати ҳазрати Муҳаммад(с) пайрави дини он пайғамбарон аст. Танҳо ҳамин қадар гуфта мешавад, ки амал ба масъалае, ки мувофиқ омадааст раво мебошад, аз ин ҷиҳат, ки шариъати вай аст, на ғайри он.
Худованд (ҷ.ҷ.) дар ҳангоми шаб он Ҳазратро ба ҷисми муборак дар ҳоли бедорӣ ба масҷиди Ақсо бурд ва эшон баъд аз адои ду ракъат намоз, ки бар пайғамбарон имом буданд, савори Буроқ шуда, аз он ҷо ба тай кардани табақоти ҳафтгонаи осмон мутаваҷҷеҳ гаштанд.
Фароҳамсоз
САИДМУРОД ШАРИФОВ
Шарҳи луғот:
1.Исён – гуноҳ, нофармонӣ
2.Муттасиф – сутудашуда, сифатшуда
3.Вусмат – нишона, аломат
4.Инод – мухолифат, саркашӣ
5.Масун – ҳифз кардашуда, нигоҳдорӣ шуда
6.Мустақар – ҷой гирифта, пойдор
7.Ло яъсун – гуноҳ намекунанд
8.Шуҳуд – ҳузур
9.Ҳоим – саргашта, ҳайрон
10.Нишеман – ҷое, ки касе бар он бинишинад
11.Мудаббир – тадбиркунанда, соҳиби тадбир
12.Ашбоҳ – ҷамъи шабаҳ, колбадҳо
13.Сабоҳ – бомдод, аввали рӯз
14.Равоҳ – шабонгоҳ аз ҳангоми завол то шаб
15.Ҳаёкил – ҷамъи ҳайкал, пайкарҳо ва бинои баланд
16.Мудхал – ҷои даромадан
17.Мазкур – баёншуда, ёдшуда
18.Ваҳй – ишора, илҳом ва он чи аз тарафи Худованд бошад
19.Танзил – фурӯ фиристодан
20.Нафх – дамидан, бод кардан ва омос кардан
21.Сур – он чи Исрофил(а) дар он бидамад
22.Кофил – пазиранда, теморкунанда
23.Қобиз – гиранда, ҳар чизе ки мизоҷро хушк кунад
24.Муваккил – гумошта бар чизе
25.Ямин – тарафи рост
26.Ясор – тарафи чап, тавонгарӣ ва фаровонӣ
27.Котибулхайр – нависандаи хайр
28.Рақам занад – навишта кунад
29.Сувар – ҷамъи сурат
30.Ҳодиён – раҳнамоён, пешвоён
31.Улулъазм – соҳибони азму ирода
32.Зиллат – хорӣ, иҳонат
33.Муштамил – дар бар гирифтан
34.Масолеҳ – маслиҳатҳо, пандҳо
35.Ҳикам – фармон, дониш, ҳикмат
36.Шаҷара – дарахт
37.Шамоил – сириштҳои некӯ, ахлоқи писандида
38.Асфиё – ҷамъи сафӣ, дӯстони холис
39.Муҷтамеъ – гирдомадашуда
40.Мабъус – фиристодашуда, равоншуда
41.Коффаи – ҳамагӣ ва ҳамаи мардум
42.Нос – мардум ва афроди банӣ Одам
43.Хотамулмурсалин – хатмкунанда, пайғамбарони Худо
44.Асл – беху реша ва таҳдоб
45.Фаръ – чизе, ки вобаста ва тобеи дигаре бошад
46.Носих – зоилкунанда, маҳвсозанда
47.Ҳабо – гард, ночиз
48.Асло – бидуни ваколат
49.Батҳо – киноя аз Маккаи мукаррама
50.Ақсо – масҷиди Байтулмуқаддас
51.Мақар – ҷои қарор гирифтан
52.Қатъ – буридан, тай кардан
53.САБЪ ТИБОҚ – КИНОЯ АЗ ҲАФТ ОСМОН.