Categories Ахбори рӯз

Дар ВАО-и Тоҷикистон хатти сурх вуҷуд дорад?

Бо ин суол ва суоли дигар “Ҳастанд мавзуъҳое, ки ВАО ва рӯзноманигорон аз гуфтану таҳлилашон чашм мепӯшанд?” назари якчанд нафарро гирифтем.

Зайнудин Орифӣ, рӯзноманигор: Аслан дар Тоҷикистон матбуоти озод вуҷуд дорад, вале дар инъикоси мавзуъҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ то андозае маҳдудият ҳаст. Яке аз омилҳо зери назорати ҷиддӣ қарор гирифтани матбуот ва аҳли қалам бошад, омили дигар аз касбият дур шудан ва мубталои эҳсос шудани рӯзноманигорн аст. Яъне мавзуро холисона бо назардошти ақидаи тарафҳои муқобил бо риояи тавозун бояд инъикос намуд. Албатта, барои ин дониш ва таҷриба лозим ва муҳим иштирок дар машқҳои таълимии рӯзноманигорон бардошти хуб аз ин маҳфилҳо аст, ки бояд дар маҳсули эҷодӣ аҳли қалам таҷассум ёбад. Сониян дар мавзуи ахлоқи ҷинсӣ гоҳе худдорӣ мекунем, вале шароити имрӯза тақозо мекунад, ки ин мавзу комилан тарҳрезӣ шуда, бо паҳлуҳои гуногун арзёбӣ шавад.

Далери Парвиз, сокини пойтахт: Бале ҳаст! Бубинед кай Шумо дар матбуот дидед, ки дар бораи муроҷиати кадом як тоҷир аз болои оилаи Раҳмон карда бошад! Дар холе, ки мо садҳо овозаҳоро мешунавем, ки фалон нафар хеши Президент фалон заводу корхона ё ҳар муассисаи дигареро, ки фоидавоар аст, кашида гирифанд! Ё аввал пули камтар ба соҳибаш пешниҳод карданд чун розӣ нашудаст, кашида гирифтанд. Матбуоти мо ҳамеша дар мавриди маҳалгароӣ менависанд, вале кай Шумо дидед, ки рӯзнома ё расонае дар мавриди чанд авлоди Президент кор карданашон дар ҳукумату вазоратхо матлаб навишта бошанд?! Аслан ба гумони ман навиштан дар мавриди оилаи Раҳмон ин хати сурх аст!

Сафват Бурҳонов, рӯзноманигор: Матбуоти тоҷик мисли ҳар матбуоти кишвари мустамлика танҳо ба ном озод аст. Хати сурхи моро на ки ҳукумати Тоҷикистон мекашад, балки лаҷоми мо дар дасти Кремл аст. Мавзӯҳое, ки бо сиёсати давлатии Россия мухолиф бошанд, дар мо шадидан таъқиб мешаванд. Ва чун амри табиӣ дастнишондаҳо барои нигаҳдории ҳокимияти худ боз танқид нисбати худро низ манъ мекунанд.

Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигор: Субҳ Раҷаби Мирзо паёме фиристонд, бо мазмуни зайл” Қалам, гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам” ва ин паём-ро ба гузаштаи начандон дуре бурд, замоне ки мавқеи манзалати рӯзноманигор дар ҷомеа баланд буду ВАО-ро чун ҳукумати чорум муаррифӣ мекарданд. Он вақт рӯзноманигорон воқеан ҳам рисолати худро дар назди ҷомеа иҷро мекарданд ва бештар ба мавзуҳое даст мезаданд, ки дархурди ҷомеа буданд. Мутассифона сол ба сол журналистика ин рисолати худро гум мекунаду журналистика ба мол табдил меёбад. Албатта, ин дар тамоми ҷаҳон чунин аст, вале набояд қонуни иқтисоди бозориро фаромӯш кард, ки мол он вақт харидор меёбад, ки сифати хуб дошта бошад. Ана чун дар бораи сифат сухан рондем, бармегардем ба сари он ки

дар ВАО- и Тоҷикистон хати сурх вуҷуд дорад ё на. Аз ин ҷо дар бораи ба мол табдил ёфтани журналистика сухан рондани мо ҳам бехуда набуд, чунки имрӯз ҳастанд мавзуҳое хеле зиёде, ки рӯзноманигорон аз таҳлилашон чашм мепӯшанд. Умуман имрӯз таҳлил дар матбуоти тоҷик рӯз ба рӯз кам мегардад, ин аст, ки мардум байни журналист, филолог фарқ гузошта наметавонанд.

Масалан, имрӯз буҳрон тамоми соҳаҳои кишварро фаро гирифтааст, ҳар як соҳа аз камбудиҳои зикршуда кам нест ва ба ҷойи дар матбуот пешниҳод шудани роҳи ҳалли ин мушкилот ва проблемагузорӣ кардан, бештар ба мадҳу саногӯйӣ нафароне даст мезананд, ки онҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Аксар вакте ки аз ин ё он сармуҳаррири нашрия савол мекунӣ, ки чаро фалон мавзуро намебардорӣ, ҷавоб медиҳад, рӯзномаамро банданд, кӣ коргарони маро мехӯронад. Пас, аз ин ҷо бори дигар маълум мешавад, ки рӯзномаҳо бештар маҳз ба он хотир таъсис меебанд, ки худ ва хешу табори худро бо кор таъмин кунанду кадоме ба онҳо маблағ диҳад ӯро васф кунад.

More From Author

You May Also Like