Categories Uncategorized

Дар доми Бонки Ҷаҳонӣ ё сели мухолифат садди обанборро шикаст

Зулфиқори Исмоилиён

nahzat.tj

Бонки Ҷаҳонӣ киро гӯш мекунад?

Бонки Ҷаҳонӣ баррасии тарҳи фаннӣ ва зистмуҳитии сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба таъвиқ андохтааст. Далели коршиносон дар ин таъвиқ дубора ҳисоб ва таҳқиқи маҳсулоти обовард ё сангу шағал гил ва лоиқае ҳаст, ки ҷараёни об дар сол рудхонаи Вахш аз ҳавзаи худ ба қаламравӣ обанбор интиқол медиҳад ва гӯё дар соли 2011-2012 аз ҳад беш будааст.

Вале ба қавли дигар мутахасисон ин далели аслӣ ва вақеъӣ нест. Ба ақидаи онҳо ин ҷуз як баҳона барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ дар минтақа аз сӯи кишварҳои Ғарб ва Амрико чизи дигаре нест. Ба эътиқоди ҳамин мутахассисон Бонки Ҷаҳонӣ дар фаъолияти худ ҳадафҳои сиёсии Амрико ва Ғарбро думбол мекунад ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун як воситаи бозии сиёсӣ дар саҳнаи бархурдҳои геополитикӣ дар минтақа аст.

Барои мисол, Бонки Ҷаҳонӣ баррасии тарҳи фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғунро дар замоне ба таъвиқ андохт, ки машваратҳо миёни Амрико ва Ӯзбакистон дар бораи ҳузури низомии Амрико дар Ӯзбакистон идома дорад. Агар Амрико тавонад Ӯзбакистонро мутақоид кунад, ки нирӯи ҳавоияш дубора ба фурудгоҳи Хонобод баргардад, мавзӯъи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз забонҳо хоҳад уфтод. Вагарна боз Бонки Ҷаҳонӣ мавзӯъи ташхису баррасии сохтмони нерӯгоҳи Роғунро матраҳ хоҳад кард, то Ӯзбакистонро розӣ кунонад.

Ба ин далел, ки ҳадафи аслии Амрико ва Ғарб на нерӯгоҳи Роғун, балки назорат бар нирӯи стротежики Чин дар қисмати Шинҷон аст.

Аҳаммияти обанбори Роғун

Дар ҳоле, ки сохтмони обанбор ва ниругоҳи Роғун на танҳо барои рушди иқтисоди Тоҷикистон, балки барои Ӯзбакистон ва кишварҳои муттаҳиди Амрико, Афғонистон ва Покистон низ судманд хоҳад буд. Аҳаммияти обанбори Роғун дар замони Шуравӣ собит шуда буд. Ва соли 1937 барои аввалин бор муншии аввалӣ Ҳизби комунист ва роҳбари Ҷумҳурии Туркманистон аз бюрои сиёсии Ҳизби комунисти Шуравӣ барои обёрии беш аз 3 миллион ҳектор замин дар Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон тақозои сохтмони обанбори Роғунро карда буд. Дар даҳаи 70-и қарни гузашта институти тарроҳии “Средазгидропроект”-и шаҳри Тошканд тарҳи ин обанбор ва сохтмони нирӯгоҳро таҳия карда буд. Ва баъди ин тарҳ аз сӯи институти тарроҳии “Гидропроект”-и Русия такмил шуд.

Бар асоси ин тарҳ, баландии садди ин обанбор 335 метрро ташкил медод, ки дар ҷаҳон баландтарин ба ҳисоб меомад. Ин обанбор бояд дар тули 15 сол аз об пур мешуд, ки ба вазъи обёри дар Осиёи Миёна халал ворид намекард.

Аз соли 1987 сохтмони ин садд ва нерӯгоҳ шуруъ шуд ва соли 1993 баландии садди нерӯгоҳи Роғун бо 40 метр расида буд. Вале пас аз фурупошии Шӯравӣ корҳои сохтмонӣ қатъ шуду сел ин саддро шикаст.

Ба қавли коршиносон дар ин замон 70 дарсади корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун анҷом шуда буд. Ҳазинаҳои анҷоми ин тарҳ 2,2 миллиард долари амрикоиро дар бар дорад.

Обанбори Роғун наҷоти нерӯгоҳи Норак, Бойғози, Сангтуда-1, Сангтуда-2 ва Сарбанд аст. Агар Тоҷикистон обанбори Роғунро насозад, пас аз чанд соли наздик ниругоҳҳо дар рудхонаи Вахш аз кор хоҳад монд. Ба ин далел, ки обанбори Норак аз лоиқа ва маҳсулоти обоварди рудхона пур шудааст ва имкони захираи зиёди обро надорад ва контроли захираи энергии об аз даст хоҳад рафт. Дар фасли зимистон ин силсиланерӯгоҳҳо аз кор хоҳанд монд ё ба зарфияти комил кор нахоҳад кард.

Барои аз лойқа тоза кардани обанбори Норак миллиардҳо доллар зарур аст. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ва даҳсолаҳои оянда аз тавони иҷрои ин барнома бархурдор нест.

Илова бар ин, Тоҷикистон таъмини фаннӣ ва молии сохтмони ин садд ва нерӯгоҳ тавони 3600 меговатиро, ки дар сол метавонад 13,1 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид кунад, надорад. Ба ин далел маҷбур аст, ба шартҳои Бонки Ҷаҳонӣ розӣ шавад. Дар ҳоле, ки ҳукумати Ҷумҳурӣ шартҳои Русия дар сохтмони ин обанбор ва нерӯгоҳро напазируфт ва ба доми Бонки Ҷаҳонӣ афтод. Далели аслии сардии равобити Русия ба Тоҷикистон низ ҳамин аст.

Мухолифатҳо ва аҳдофи сиёсӣ

Ҳаҷми оби обанбори Роғун 13,3 километри кубӣ дар назар аст, ки ин метавонад захираи бузурги оби ошомиданӣ ва обёрӣ дар ҷаҳон бошад.

Дар ҳоле, ки бар асоси манбаъҳои пажуҳишии ҷаҳонӣ дар даҳсолаи оянда камбуди оби тозаи ошомиданӣ аз мушкили рақами №1-и сайёра ба ҳисоб хоҳад омад. Ҳар кишваре, ки ин обанбор ва нерӯгоҳро бисозад, контроли захираҳои обии Осиёи Миёна ва минтақаро дар даст хоҳад дошт. Ба ҳамин далел аст, ки манфиъати кишварҳои абарқудрат дар сохтмони обанбор ва нерӯгоҳи Роғун бархурд мекунад.

Русия мехоҳад контроли захираи об ва тавони энергии Тоҷикистонро дар даст дошта бошад ва ба ин васила Ӯзбакистонро муттаҳиди худ кунад. Амрико ва Ғарб ба худ иҷозат намедиҳанд, ки ба иловаи захираҳои нафту гази Осиёи Миёна, захираи оби ин минтақаро дар ихтиёри Русия қарор диҳанд.

Ва ин бархурди ҳадафҳост, ки Тоҷикистон дар сохтмони садд ва нерӯгоҳи Роғун, ки дар пешрафти иқтисодии нақши калидӣ дорад, оҷизу нотавон аст.

More From Author

You May Also Like