Дар мавриди «шарҳи муҳоҷири меҳнатӣ», ҲХДТ ва ватандӯстии дурӯғин

Олга Тутубалина, хабарнигор

Қаноти ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ чопи китобчаеро бо номи «Справочник трудового мигранта» дар Русия зери танқид кашид. Сарвари қаноти ҷавони ҳизб Адҳам Мирсаидов изҳор дошт, ки ҷой додани акси муҳоҷири меҳнатӣ дар он ба шакли ашёи сохтмон таҳқиркунанда ва эҳсоси миллии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро поин мебарад. «Созандагони Ватан» қотеъона аз ниҳодҳои зирабти давлатии Русия мепурсад, ки дар мавриди ҷамъоварӣ ва нест кардани ин китобча чораандешӣ намоянд», изҳор дошт ӯ.

…Аз чӣ бошад, ки ин хабар ҷаҳли маро бедор кард. Дар нисбати роҳбарияти ин созмони ҷавонони ҳизбӣ, ҳамаи онҳое, ки дар ин шабу рӯз ҳамин шарҳнома сабаб гашту аз нав худро таҳқиршуда эҳсос карда, бо сароҳат аз миллати куҳанбунёд ва қадимии хеш садо баланд мекунанд. Ин гуна афрод кам набуданд ва фикр мекунам, дар рӯзҳои наздик боз бештар мешаванд.

Қаноти ҷавонони ҳизби ҳоким тақозо дорад, ки шарҳнома нест карда шавад, ба фикри онҳо ин санад «эҳсоси миллии муҳоҷирони меҳнатиро паст ва таҳқир мекунад».…

Медонед, ки дар воқеъ чӣ чиз эҳсосоти миллии онҳоро паст ва таҳқир мекунад? Муносибати ҳукумати ватанӣ нисбат ба онҳо. Аммо боре дар мавриди амалкарди ҳукумат хилофи ҳуқуқ бо шаҳрвандони хеш изҳорот пахш карданро аз ҷониби ҲХДТ шоҳид набудам. Чаро шумо дар мавриди ҳамон миллион шаҳрванди худ, ки маҷбуран дар кишварҳои дигар сарсону саргардонанд, хомӯшед? Канӣ он изҳоротҳои шумо дар мавриди меъёри шадиди истифода аз барқ, ки тӯли панҷ моҳи ҳар сол ба сар мебарем? Барои чӣ шумо ҳукумати хешро маҳкум намекунед, ки бо андозбандиҳои худ охирин чизе, ки онро ҳам кашида мегирад?

Ман аз қабл медонам, ки бисёриҳо ин гуна мавқеъгириро дар ҳамин масъалаи мушаххас маҳкум мекунанд. Барои ҳамин дарҳол тавзеҳ медиҳам, барои ман ҳам ин шарҳнома маъқул нест, дардам мекунад, ки муаллифон онро ба ҳамин тарз таҳия кардаанд. Ман намедонам барои чӣ, агарчи эҳсос мекунам, ки дар ин ҷо бештар гуноҳи худи мост. Эҳтимол маҳз ҳамин тавр бо ҷорӯб, дастачӯб ва дигар лавозимоти сохтмонӣ хешро дар ҳамон Русия муъаррифӣ мекунем. Аммо чӣ мехоҳед ва кист равонаи Русия имрӯз? Ду миллион табиби соҳибкасб ва муаллимони хизматнишондода ё донишмандони маъруф? Не, албатта.

Эҳтимол бисёре аз шумо тавассути ин аксҳои шарҳнома хешро таҳқиршуда бубинед, аммо дигарҳо, ҳатто ҳамин муҳоҷирон бовар кунед, туф кардаанд ба он ки онҳоро чӣ тавр аксбандӣ мекунанд, ҳоло ки имкони дарёфти пораи нонро доранд, таваҷҷӯҳ намоед, пораи нон.

Ин китобчаҳоро эҳтимол касе таҳия кардааст, ки чандон ҳирфаӣ нест. Аммо такрор мекунам, он мушкиле нест, ки ҳамин ҲХДТ барои худ обрӯ касб намояд. Ин ҳатто аз факти таҳияи ҳамин шарҳнома поинтар аст. Ин мунофиқии оддиест дар нисбати онҳое, ки гӯё ҳимояташон мекунед.

Ин лаҳзае аз нофаҳмии аблаҳона аст ва қобили натиҷагирии ҷиддӣ дар мавриди Русияи миллатгаро нест. Биёед сари ин тафаккур кунем, ки барои муҳоҷири меҳнатии тоҷик ва дар умум шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамин душманигарии Русия чӣ кор мекунад ва ҳукумати он чӣ. Русия давраи сабти буду бошро дар қаламрави хеш боло мебарад, муҳлати дарёфти иҷозати корро низ. Русия даҳҳо муаллимро ба Тоҷикистон мефиристад, то фарзандони мо дониш пайдо карда тавонанд. Барои ин кор ҳатто дар Тоҷикистон дари донишгоҳҳои худро мекушояд. Русия дар қаламрави хеш мактабҳоеро таъсис медиҳад, ки фарзандони муҳоҷир таълим бигиранд. Русия усулан моро дар кишвари хеш кор бо таъмин мекунад ва ҷои гуфтани ин ҳарф нест, ки мо ҳам барои онҳо лозимем. Русия (бигзор бар ивази пойгоҳи низомӣ ҳам бошад, ки шаҳрвандони оддӣ ба ин таваҷҷӯҳ надоранд) боҷи афзоишёфтаи гумрукиро барои маводи сӯхт бекор мекунад.

Тоҷикистон чӣ? Тоҷикистон меъёри пардохти гуфтугӯи телефониро ба Русия боло мебарад. Тоҷикистон (дар долонҳои ҳукумат) аллакай чандин бор масъалаи андозбандии интиқоли маблағҳои муҳоҷиринро ба баҳс кашидааст. Вазорати молия меъёри таъминоти иҷтимоиро барои қишри бозистода ва нодор коҳиш медиҳад. Тоҷикистон тавони хӯрондан ва гарм нигоҳ доштани манозили мардуми хешро надорад. Имкони додани маълумоти сазовор ва кореро бо пардохти хуб надорад.

… Барои ҳамин биёед бас кунед аз ҳарф задан дар мавриди миллати нодир ва нанги хеш. Ягон чизи нодире бовар кунед дар мо нест. Оғоз кунед ба эҳтироми ҳамдигарии воқеъӣ, на барои он ки мо тоҷикем, балки барои он ки мо инсонем. Он гоҳ дигарон моро эҳтиром мегузоранд. Ин ҳама як ҳақиқати исботшудааст, аммо эҳтимол онҳоро, бояд борҳо такрор кард.

(Наҷот)

More From Author

You May Also Like