Дар муқобили сахтиҳо чӣ бояд кард?

Яке аз бузургони
дин, ки ба номи Абдуллоҳи Ансорӣ ва ё пири Ҳирот ёд мешавад,
гуфтааст, ки ман аз ҳисобу китоб ва азоби охират боке надорам, ман аз рӯзи азал дар ҳаросам, ки чӣ тақдире бар ман
рафта бошад.

Оре, тақдирҳо
меоянд ва корашонро мекунанд. Ончӣ ки бояд бишавад, мешавад. Пас дар муқобили
сахтиҳо ва мушкилоти тақдир чӣ бояд кард, зеро ҳеҷ фарде аз тақдир ҷои гурез
надорад.

Чун сухан аз сахтиҳо рафт, лозим ба тазаккур
аст, ки имрӯз иддае аз соҳибони қудрат, ки тавонмандиашон кафки рӯи обро мемонад,
дар аксар гушаву канори дунё танҳо барои боқӣ мондани худ дар қудрат даст ба
ҷиноятҳои ваҳшиёна ва гӯшношуниде мезананд, ки назирашро таърих ёд надорад. Ҳазорҳо
инсонҳои бегуноҳро ба қатл мерасонанд, шаҳрҳо ва деҳотро ба коми оташ мекашанд,
ҳатто ба занҳо ва муйсафедону тифлон раҳму шафқате надоранд.

Риояи қонунҳои мавҷуда, ҳуқуқи башар, озодии
инсонҳо ва суботи ҷомеъа барои иддаи зиёде аз мансабдорон ба қадри пари коҳе
арзиш надорад. Шигифтовар ин аст, ки созмонҳои бонуфузи ҳуқуқи башар низ дар
баробари ин ҳама бедодӣ ва беадлоатӣ, коре аз дасаташон намеояд.

Пас дар баробари
ин ҳама сахтиҳо, ки намунае андак аз он зикр гардид, ҳар фарди муъмину мусалмонро лозим аст, ки аз
Аллоҳи меҳрубон кӯмак биталабад. Ҳоло тақдир чӣ гуна аст, инро танҳо худи Аллоҳ
медонад. Аммо бояд мо муътақид бошем, ки
бо талаби ёрӣ ва кӯмак аз Ӯ дар баробари тақдир тахфиф яъне осонӣ ҳосил
мешавад.

Дар ҳаёти рӯзмарраи
инсонҳо имтиҳонот ва озмоишҳои сангине
арзи вуҷуд дорад ва тақдирҳо кори худро мекунанд. Вале бояд муътақид бошем,
ки дуъоҳо аз сари сидқу ихлоси бандагӣ
душвориҳои тақдирро осон мегардонад.

Барои мисол қиссаи
Қуръониеро метавон баён кард, ки ҳазрати Айюб (а) он ҷо ки ҷараёни ҳамсараш пеш
меояд, қасам ёд мекунад, ки ӯро сад тозиёна хоҳад зад. Аммо вақте ҳамсараш
мутаваҷеҳи Аллоҳ (ҷ) шуд ва тавба кард, иноят ва мадади Худованд шомили ҳоли ӯ
шуд ва Аллоҳ (ҷ) барояш суҳулат ва осонӣ овард. Ҳазрати Айюб қасами худро амалӣ кард, дар ҳоле, ки
ҳамсари ишон машаққатеро мутаҳаммил нашуд ва дуъо корашро кард.

Худованд (ҷ) дар
ин бора дар Каломи покаш дар сураи “Сод,ояти 44 мефармояд: “Бастаеро баргир ва бо он бизан ва
савганди худро машикан. Мо Айюбро шикебо
ёфтем, чӣ бандаи хубе буд, ӯ бисёр тавба ва истиғфор сар медод.”

Барои рафъи ин
мушкил, Худованди мутаол ба ӯ дастур дод, ҳамсарашро бо бастае аз чубҳои нозук
ё риштаи хурмо, ё соқаи гандум, ки сад шоха дошта бошад бизанад, то бо камтарин
азият ва озоре савганди хешро ба марҳилаи иҷро дароварад.

Аллоҳ (ҷ) бешак
қодир ва тавоно бар ин аст, ки бало ва озмоишеро, ки муқаддар кардааст, бо
камтарин хасорат аз болои банда рад намояд. Ҳатто шахс аслан мутаваҷеҳи
душвориҳои он намешавад.

Бо тазарруъ бош
то шодон шаваӣ,

Гиря кун то бе
даҳон хандон шавӣ.

Дар паси ҳар гиря
охир ханда аст,

Марди охирбин
муборак банда аст.

More From Author

You May Also Like