nahzat.tj
Ҳиҷоб ва саллаба судя ва полисҳо аз ҷинси латиф – рухсат
Дар Норвегия ба кормандони давлатӣ, полисзанҳо ва судяҳои аз ҷинси латиф рухсат шуд, ки ҳиҷоб, салла ва дигар либоси хоси диниро дар вақти иҷро вазифа метавонанд бипӯшанд.
Барои додани рухсат дар Ҳукумати Норвегия комиссия таъсис дода шуд ва дар натиҷаи муҳокимаи ин масъла овоздиҳӣ гузарониданд. Аз 15 аъзои комиссия танҳо 3 нафар зидди ҳиҷобу салла овоз доданд, хабар медиҳад «Новые Известия».
Ҳама гап аз он сар шуда буд, ки мусалмондухтар бо номи Келтум Миссум дар Мактаби олии полис таҳсил дошт ва ӯ ба роҳбарони худ муроҷиат кард, ки барои дар вақти кор пӯшидани ҳиҷоб рухсат диҳанд.
Пас аз баҳси зиёд дар ҷамъият ва дар матбуот ба хулоса омаданд, ки худи Ҳукумат натиҷаи ин баҳсҳоро ба инобат гирифта, ба хулоса ояд. Танҳо Иттифоқи полисҳо зид баромад, зеро онҳо мегӯянд, ки полис бояд ақаллан аз ҷиҳати динӣ худро зоҳир накунад ва бетараф бошад.
Вале Ҳукумат афкори ҳама мардуму матбуотро ба инобат гирифта, чунин қарор баровард.
Дар Тоҷикистони азизи мо тасаввур карда наметавонем, ки судя ё қозие аз ҷинси занона дар ҳиҷоб ба мурофиа ояд, вале қозӣ метавонад парвандаи баста ба ҳиҷобро таҳти мурофиа қарор диҳад.