Херт Виелдрз, сиёсатмадори ҷанҷолбарангези ҳоландӣ тасмим дорад карикатурҳои Паёмбар (с) – ро дар телевизиони миллии ин кишвар нишон диҳад. Парлумони Ҳоланд (Голандия) бо дархости ӯ барои баргузории намоишгоҳе аз карикатурҳои Паёмбар (с) мухолифат кардааст.
Херт Вилдрз, сиёсатмадори исломситези ҳоландӣ дар вебсайти худ эълом кардааст, ки аз замони пахши телевизионӣ, ки ба ҳизби ӯ ихтисос дорад, барои нишон додани ин карикатурҳо истифода хоҳад кард.
Тибқи гузоришҳои интернетӣ, бисёре аз мусалмонон ба тасвир кашидани чеҳраи Паёмбари Исломро куфр медонанд. Аммо Вилдрз ҳадафи ин тасмими худро дифоъ аз озодии баён медонад. Ӯ моҳи гузашта хостори баргузории намоишгоҳе аз ин карикатурҳо дар парлумони Ҳоланд шуда буд. Вале парлумони ин кишвар дархости ӯро рад кард.
Вилдрз дар баёнияи худ навиштааст, ки аз онҷое ки парлумон дархости манро рад карда, ман бархе аз ин карикатурҳоро дар барномаи телевизионӣ, ки ба ҳизбам ихтисос дода шуда, нишон хоҳам дод.
Дар Ҳоланд бахши андаке аз замони пахши барномаҳои телевизиони миллӣ дар сол ба аҳзоби ин кишвар тааллуқ дорад. Дар ин замон ҳар ҳизб иҷоза дорад ҳар он чи ки моил аст аз телевизион пахш кунад ва Шӯрои раёсати телевизион низ ҳақи манъ ва ё пешгирӣ аз пахши барномаҳои аҳзобро надорад.
Хирт Вилдрз раҳбари Ҳизби рост ифротии (озодӣ) аст, ки 12 курсӣ аз 150 курсии парлумони Ҳоландро дар ихтиёр дорад. Ӯ аз чеҳраҳои шинохтаи зидиислом ва муҳоҷирони мусалмон дар Ҳоланд аст, ки пештар ба далели суханони табъизомез ва фитнаангезӣ муҳокима шудааст.
Ӯ соли 2011 ба иттиҳоми фитнаангезӣ муттаҳам гардида буд, аммо бо ташхиси қозӣ, ки гӯё суханони ӯ дар ҷараёни як баҳси доғ дар мавриди муҳоҷирпазирӣ ва чандфарҳангӣ баён шудааст, озод гардид.
Аммо декабри соли 2014 эълом шуд, ки Вилдрз ба далели нафратпароканӣ дар мавриди ҷомеаи марокешиҳои Ҳоланд бори дигар муҳокима хоҳад шуд. Ӯ дар ҷараёни муборизоти интихоботии парлумони Аврупо дар соли 2014 ваъда дода буд, ки муҳоҷирони марокешитаборро аз Ҳоланд берун хоҳад кард ва теъдоди онҳоро коҳиш хоҳад дод.