Ҷомӣ, 9 апрел аз он шикоят кард, ки дирӯз раиси маҳалла дар деҳаи Роҳи Ленин ва
деҳаи Холмуродтеппа гаштугузор намуда аз аъзои ҲНИТ даъват ба амал меорад, то ки соати 15:00 ба идораи ҷамоати ба номи “Ифтихор”-и
ноҳияи А. Ҷомӣ ҳозир шаванд.
Инчунин дар ин
ҷаласа аз имомони панҷвақтаи масоҷид низ даъват ба амал меоранд. Аз даъватшудагони аъзои ҳизб чаҳор нафар дар
ин ҷаласа ҳузур пайдо мекунанд, ки се нафари онҳо қабл аз интихоботи МН МО ҶТ
аз сафи аъзои ҳизб хориҷ шуда буданд.
Талбакшо
Рустамов, афзӯд, ки мо ҳамроҳ бо Асомиддин Абдураҳмонов масъули бахши интихобот
дар шаҳри Қурғонтеппа ва навоҳии атрофи он барои аз наздик шинос шудан ба ин
даъват ба ҷамоати мазкур ҳозир шудем.
Дар онҷо бо раиси
ҷамоатШамсуулло
Абдураҳмонов вохӯрӣ карда сабаби ин даъватро пурсон шудем, вале дар посӯх ишон
аз ин даъват худро бехабар нишон дода гуфт, ки “Ҳизби наҳзат дар Вазорати адлия
ба қайд гирифта шуда, ҳар кас ҳақ дорад аъзои он шавад, мо бо шумо мушкиле
надорем”. Бо ҳамин аз сабаби гӯйё тангии вақт раиси ҷамоат бо мо хайру хӯш
карда аз паи анҷоми кори худ шуд.
Раиси бахши ҳизбТалбакшо Рустамов, инчунин илова намуд, ки пасонтар барои
мо маълум гашт, ки дар ин ҷаласа раиси кумитаи дини ноҳияи А. Ҷомӣ Раҳмтулло
Гулов инчунин як нафар масъули мақомоти қудратӣ низ ширкат варзида, собиқ аъзои ҲНИТ
оиди сабаби аз ҳизб рафтани худро дар рӯбарӯи камераи наворбардорӣ шарҳу тавзеҳ
доданд.