Додгоҳе дар Франсия ду марди ҷавонро ба ҷурми як амали
тарҳрезишуда дар ба оташ кашидани макони ибодатгоҳи мусулмонон мавриди муҳокима
қарор дод.
Пас аз баррасии мурофиаи судии айбдоршавандаҳо, додгоҳ ба
он натиҷа расид, ки муҷримин ба муҳлати се сол аз озодӣ маҳрум карда шаванд.
Тавре манбаъ хабар медиҳад: масҷиди мазкур бо дастгирии
молии туркҳо сохта шуда, дар шаҳри
Макони Франсия ҷойгир аст. Чанде қабл расонаҳои хабарӣ аз он иттилоъ дода буданд,
ки авохири моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи афроде номаълум ин масҷид мебоист
қасдан ба оташ кашида мешуд.
Лозим ба
ёддоварист, ки ду нафар тахрибкор, ки ҳамагӣ 18-19 сол доранд, тибқи ҳалномаи
суди Франсия, 30 моҳ аз умуми муҳлати ҷазо дар боздошти шарти ба сар мебаранд,
менависад: Взгяд.ру
Додгоҳ якшанбеи
гузашта ду нафар ҷавонро ҳамчун ҷинояткор дар ҷинояти муташаккилона барои зарар
расонидан ба макони ибодатгоҳ эътироф кард, хабар медиҳад: Ислам.тудей
Тавре манобеъи муътамад хабар медиҳанд, таи чанд соли ахир
дар саросари қаламрави Аврупо ба хусус Франсия ва Олмон мавҷи густариши дини
мубини Ислом ба шакли чашмгире доман паҳн мекунад, ки ин падидаи нек доираҳое
муғриз ва бадхоҳи Исломро нигарон карда, бо ҳар василае мехоҳанд барои ҷилавгирӣ аз ин мавҷ дасту панҷа нарм
кунанд. Вале ин тоифа бехабар аз онанд, ки ҳар киро Худованд аз неъмати ҳидоят
бархурдор намояд, гумроҳкунандае барои ӯ ёфт намешавад.