Мижгона Ҳалимова
09.04.2012, 13:15
Барои чӣ ҷарима то 280 сомонӣ?
Ҷаримаи суръати баланд ва гузаштани чароғаки сурх
Ҷарима барои таваққуф, набастани камарбанди бехатарӣ, пешгузарӣ ва ғайра
Ҷарима барои нагузаштан аз муоинаи техникӣ дар мӯҳлати муайяншуда
Барои чӣ ҷарима то 280 сомонӣ?
Хонандагони гиромӣ, зери бахши «Дар хидмати мардум», мо воқеан ҳам дар хидмати шумоем. Имрӯз қариб ҳар хонадон воситаи нақлиёт дорад ва дар як худи пойтахт даҳҳо ҳазор мошин дар гардиш аст. Барои танзим ва эҳтиёти ҳам ронандагону ҳам пиёдаравон ходимони БДА саҳми арзанда мегузоранд. Дар айни замон ҷойи пӯшида нест, ки дар байни нозирон кормандони ришваситон низ вомехӯранд ва ба ҷойи маблағи муайяни муқарраршуда нозирон аз ронандагон зиёдтар пул меситонанд.
Бинобар ин, мухбири мо бо подполковники милитсия Шерафкан Латипов, сардори гурӯҳи таблиғӯ ташвиқи шӯъбаи БДА-аи РКД-и шаҳри Душанбе барои равшанӣ андохтан ба нархномаи ҷаримаҳо муроҷиат кард. Мо аз мӯҳтарам Латипов сипосгузорем, ки ин хоҳиши моро зуд пазируфта, бе қоғазбозии зиёдатӣ чунин нархномаро бароямон ҳозир намуд ва мо онро ба шумо тақдим мекунем.
Кош, чунин кормандони бомасъулият ва омодаи хизмати мардум зиёдтар мешуданд.
Ҷаримаи суръати баланд ва гузаштани чароғаки сурх
Тибқи моддаи 325 қисми 1,3 барои аз муқаррарот баланд кардани суръати нақлиёт ронанда аз 50 то 80 сомонӣ ҷарима карда мешавад.
Дар мавриде ки ронанда чароғакро сурх гузарад, мутобиқи моддаи 318, банди 1-Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ пешбинӣ шудааст, ки ронанда то 3 моҳ аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт манъ карда мешавад ва аз 120 то 200 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шуда, қазияи мазкур барои баррасӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол мешавад.
Дар сурати такроран чароғакро сурх гузаштани ронанда, ӯ бо моддаи 318, банди 2 аз 6 моҳ то 1 сол аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт маҳрум карда мешавад ва ҷарима аз 200 то 280 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин ҳам ба тобеияти судҳо баррасӣ мешавад.
Дар ҳолати бори аввал ба раҳгузар эътибор надода гузаштан аз тарафи кормандони БДА тибқи моддаи 324 банди 1ронанда огоҳӣ мегирад. Дар сурати такроран рух додани ин ҳолат тибқи моддаи 324 банди 2, ҳуҷҷати ронанда гирифта мешавад ва ӯ аз 40 то 80 сомонӣ ҷарима карда мешавад.
Ҷарима барои таваққуф, набастани камарбанди бехатарӣ, пешгузарӣ ва ғайра
Ҳангоми гузоштани нақлиёт дар назди марказҳои савдо, бозорҳо ва таваққуфи нодуруст, ки ба дигар воситаҳои нақлиёт халал ва монеа ба вуҷуд меорад, ё ба шаҳрвандон ва ё гузаштани воситаи нақлиёт дар худи истгоҳҳои воситаи нақлиёти мусофирбар халал мерасонад, ё ин ки ҳангоми дар чорроҳаҳо дар сари гардишҳо таваққуф кардани воситаи нақлиёт, бо моддаи 291, банди 1 аз 200 то 280 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шуда, протоколи маъмурӣ ба мақомоти танзим дар соҳаи нақлиёт, ки дар тобеияти онҳо мебошад, фиристода мешавад.
Ҳангоми набастани камарбанди бехатарӣ тибқи моддаи 333, банди 2 ронандагони воситаҳои нақлиёт аз 20 то 40 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст ва худи роҳбарияти бахшҳои шӯъбаҳои бозрасӣ ҳуқуқ доранд, ин нафаронро ҷарима банданд.
Ронандагон бояд ба шаҳр бо мошини ифлос надароянд ва дар шаҳр нагарданд. Дар сурати ифлос будани воситаҳои нақлиёт, ронандаи он аз тарафи нозирони роҳ огоҳ карда мешавад. Ин метавонад ба таври шифоҳӣ сурат гирад ва ё дар баргаи (талони) сабти ҳуқуқвайроникунӣ навишта шавад. Дар ҳолати такрор кардани ин амал тибқи моддаи 323, банди 2 ҳуҷҷати ронанда аз тарафи кормандони БДА гирифта мешавад.
Ҳангоми ғайриқоидавӣ сурат гирифтани пешгузарӣ аз дигар воситаи нақлиёт, тибқи моддаи 325 банди 1,3, аз 120 то 200 сомонӣ ҷарима карда мешавад.
Ҷарима барои нагузаштан аз муоинаи техникӣ дар мӯҳлати муайяншуда
Тибқи моддаи 315, ҳангоми дар мӯҳлати муайяншуда аз муоинаи ҳатмии давлатӣ нагузаштани воситаҳои нақлиёт, ронандаи он 40 сомонӣ ҷарима месупорад.
Боз ҳастанд ҳолатҳое, ки агар ронанда сокини пойтахт бошад, рақамҳои ӯ гирифта шуда, то вақти гузаштан аз муоинаи ҳатмии давлатӣ истифодабарии воситаи ниқлиёт манъ карда мешавад. Агар воситаи нақлиёти аз муоинаи техникӣ нагузашта, аз дигар минтақа бошад, ҳуҷҷатҳои ронанда гирифта мешавад.