Categories Uncategorized

Бародари Обама вориди арсаи сиёсат мешавад

Хабаргузории Фаронса зикр мекунад, ки Молик Обама бародари 54 солаи кенёии Обама рӯзи чоршанбе гуфтааст, ки пас аз интихоботи раёсати кишвари Кения дар арсаи сиёсии ин кишвар фаъолият хоҳад кард.

Вай афзуд, пирӯзии Барак Обама барои дуввумин бор дар интихоботи раёсати Амрико ба ман барои ҳузур дар арсаи сиёсии Кения ангеза додааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Молик Обама, ки бародари нотании Обама аст, қасд дорад ба унвони фармондор дар Кения фаъолият кунад. Ин дар ҳолест, ки интихоботи раёсати кишвари Кения рӯзи 4 март баргузор хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like