Аҳзоби мухолифи давлат дар Мавритания бо маҳкум кардани мавқеъи раисҷумҳури ин кишвар дар ҳимоят аз мудохилаи низомии Фаронса дар Малӣ таъкид карданд, ки бояд дар Мавритания як “Ҷабҳаи муттаҳид” алайҳи ҷанг дар Малӣ ташкил шавад.
Ба гузориши “Форс” ба нақл аз рӯзномаи урдунии “Аддастур”, Аҳмад валади Додоҳу, раҳбари ҳизби мухолифи давлати Мавритания дар як конфронси матбуотӣ эълом кард, ки оташи ҷанги Малӣ ба таври ҳатмӣ домангири Мавритания мешавад ва ташкили як ҷабҳаи дохилии муттаҳид ва қавӣ беҳтарин роҳи муқобила дар баробари ин иттифоқ аст.
Вай зимни маҳкум кардани табодули иттилооти низомӣ ва амниятии Мавритания бо кишварҳои мудохилакунанда дар Малӣ истифода аз осмон ва фурудгоҳҳои Мавританияро ғайриқонунӣ ва тасмими шахсӣ аз тарафи раисҷумҳури ин кишвар дониста гуфт, ки бояд ин тасмим мавриди таъйиди парлумон қарор мегирифт.
Муҳаммад валади Абдулазиз, раисҷумҳури Мавритания аз мушорикат дар неруи афроқоӣ мустақар дар Малӣ худдорӣ карда, аммо гуфтааст, ки низомиёни ин кишвар ҳар гуна таҷовуз ба хоки ин кишварро посух хоҳанд дод.
Ин дар ҳолест, ки валади Абдулазиз дар нишасти Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки ҳафтуми феврал баргузор шуд, ҳимояти худро аз мудохилаи низомии Фаронса ва неруҳои африқоӣ дар Малӣ эълом кард.