Categories Ахбори рӯз

Дар ҷараёни сухтори шадид, Қуръони карим маҳфуз монд

Дар ҷараёни сухтори шадид, Қуръони карим маҳфуз мондДар ҷараёни як
сухтори шадиди сохтумони маскунӣ 19. 05. 2015 воқеъ дар поитахти Озарбоҷон
шаҳри Боку ҳодисаи фавқулодае ба амал омад, хабар медиҳад сомонаи “Ислам
тудей”.

Бинобар иттилои
гузориши матбуоти маҳаллӣ, “манзили
истиқоматии Орҳан Каримов, комилан ба коми оташ фурӯ рафтааст. Вале Қуръони
карим-китоби муқаддаси мусалмонон, ба шакли мукаммал аз алангаи оташ маҳфуз
мондааст”, менависад, “Вести.аз.

Орҳан Каримов,
соҳиби манзил бар ин бовар аст, ки дар ин ҳодиса таъсири қувваи фавқуттабиъӣ
вуҷуд дошт. Мавсуф ин андешаи худро замоне баён кард, ки эҳсосоти шадиде ӯро
фаро гирифта Қуръони карим рӯи дастонаш қарор дошт.

Тавре манбаъ
хабар медиҳад: лозим ба ёдоварист, ки
ҳангоми ҳодисаи сухтор шаш нафар
аъзои хонавода, ки он ҷо ҳузур доштанд, хушбахтона осебе надидаанд.

Ин яке аз ҳазорҳо
муъҷиза ва аломатҳои қудрат ва бузургии Холиқи замину осмон аст, ки бандагони
солеҳи Худованд онро ҳамчун ҳақиқати ҳол мепазиранд. Вале афроди дур аз раҳмати Худованд аз ин неъмат, ки дарки ҳақиқатҳост бебаҳраанд.

More From Author

You May Also Like