Categories СИЁСАТ

Дасисабозӣ ё ҳарос аз рақиби сиёсӣ

Телевизиони “Ҷаҳоннамо” 14 феврал ба намоиши наворе дар мавриди зиндонӣ шудани Баҳриддин Муъминов, ишора аз узви ҲНИТ будани ӯ ва алайҳи ҳукумати Башшор Асад ҷанг карданаш пардохт. Ин дуюмин бор аст, ки таи ду ҳафтаи ахир шахси ҷинояткореро мансуби наҳзатиҳо медонанд. Албатта мансабдорони мухталифе ҳам, ки узви ҳизби ҳоким ҳастанд, ҷиноят содир мекунанд, вале беадолатӣ ин ҷост, ки ҳизбияти онҳо дар телевизион фош намешавад.
Дар ин навор гуфта мешуд, соли 2010 Баҳриддин Муъминов бо мақсади гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ ба Сурия сафар намуда, вале бо чанде аз «ҳаммаслаконаш аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷикистонии машғули таҳсил дар донишгоҳи “Маъҳат дувал-ул-улуми арабӣ”-и Сурия моҳҳои октябр-ноябри соли 2011 ва феврали соли 2012 дар ҳайати созмони террористии “Ҷабҳат-ун-Нусра” дар муҳорибаҳои ҷангӣ зидди нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматии конститутсионии Сурия фаъолона иштирок намуданд”.
Дар вокуниш ба ин навор ҲНИТ як рӯз баъд бо пахши иттилоияе сафарбар шудани аъзои ҳизбро ба нооромиҳои Сурия рад карда, намоиши барномаи шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо”-ро ғаразнок унвон кард. Масъулини ҲНИТ дар иттилоияи худ гуфтаанд, агарчи Б.Муъминов аъзои Наҳзат ҳаст, вале ӯро касе ба қасди шомил шудан ба ҳаракатҳои ифротию террористӣ нафиристодааст. ҲНИТ инчунин ғаразнок будани барномаи шабакаи телевизиони “Ҷаҳоннамо”-ро бо далел собит намуда менависад, ки Б.Муъминов ду моҳ қабл маҳкум ба зиндон шудааст, вале аз чӣ бошад, ки навор баъдан бо ишораи ҳизбияти ӯ ба намоиш гузошта мешавад, дар ҳоле ки “дар мурофиъаи додгоҳӣ дар бораи узвияти номбурда ишорае ҷой надошт. Суоли матраҳ ин аст, ки пас чаро имрӯз навореро бо гуфтори ғаразомез таҳия карда, пахш месозанд”?
Агар ин гуна наворҳо зидди ҲНИТ бори аввал мебуд, буи ғараз аз он намехест. Вале ин гуна барномоҳа идомаи силсила наворҳоест, ки доимо дар он ҷинояткоронро узви ҲНИТ муаррифӣ мекунанд. Рӯзи 8-уми феврал ҳам бори дигар наворе аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пахш гардид, ки дар он Маҳмадулло Холов, табибе, ки ба ду духтарандари ноболиғи худ таҷовуз кардааст, узви ҲНИТ унвон гашт. Вале ҲНИТ дар пай амали тақаллубии мақомотро ифшо намуд ва корти ҳизбии дар барномаи телевизионӣ ба Маҳмадуллоҳ Холов нисбат дода шудро, мутаъалиқ ба узви аслии ҲНИТ аз Исфара дониста, гуфт: “Корти ҳизбӣ зери №016473 ба номи Азиза Солиева вуҷуд дорад ва ӯ дар Исфара ба сар мебарад”.
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи ҳуқуқи шаҳрвандон пахши ин гуна наворҳоро як дасиса аз ҷониби доираҳои хоси ҳукумат медонад, ки дар пешоруи интихоботи президентӣ оғоз гардиданд ва ҳама мутмаин буданд, ки баъди анҷоми интихобот шояд ин дасисабозиҳо хотима меёбанд. Вале дида мешавад, ки ҳукумат алайҳти ҲНИТ бойгонии бузурге таъсис дода, пешакӣ сабту наворҳои худро тайёр кардааст. Ин бонуи муборизи ҳуқуқ ва адолат мегӯяд, дар телевизионҳои ҳукуматӣ ҷинояткорон узви ҲНИТ муаррифӣ мешаванд, аммо ахиран ҲНИТ ҳам таҳаммулпазироиро як тараф гузошта, зимни таҳқиқи маводҳои пахшаванда исбот кард, ки мақомот натанҳо дар таҳияи корти ҳизбӣ ба тақалуб роҳ додаанд, балки дар риши ҷинояткор ҳам аз ин амал истифода шудааст, яъне макомот даст ба чиноят задаанд.
“Ин ҳама баҳри чист? Чаро ҳукумат то ин дараҷа худро паст зада, аз як ҳиби сиёсӣ нисбати худ душмантарошӣ мекунад? Ҳол он ки 90,9% ҷинояткороне, ки ҳамасола дар гирифтани пора ва дигар ҷиноятҳои корупсионӣ мутаҳҳам мешаванд, ҳамаи онҳо узви ҲХДТ мебошанд, зеро узвият ба ҲХДТ як роҳе барои соҳиб шудан ба курсию вазифа аст. Ё ин ки дар як соли ахир 20 000 узви ҲХДТ аз ҳизб ронда шуданд, вале сабаби ронда шудани онҳоро намегӯянд”, ибрози ҳайрат кард Файзинисо Воҳидова.
Ба гуфтаи коршиносон судури ҷиноят дар тамоми кишварҳои дунё вуҷуд дорад ва ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистон низ аз он берун нест, ҳатто ағлаб нафароне ҷиноятҳои вазнин содир мекунанд, ки дар асл бояд алайҳи ҷиноят мубориза баранд. Ҷинояткорон баъзан ҳомиёни қонун ҳам ҳастанд, вале ин ба маънои он нест, ки дар ин ё он сохтор ҳама ҷинояткоранд.
Солҳои ахир тарғиботчиёни ҳукумати Тоҷикистон ҳар гуна василаи ғайриқонуниро бо мақсади сиёҳ кардани рақибони сиёсии хеш ноодилона истифода мебаранд. Алим Шерзамонов, раиси сотсиалдемократҳо дар Бадахшон мегӯяд, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мутаъаллиқ ба тамоми сокинони кишваранд, новобаста аз мавқеъи сиёсиву иҷтимоъӣ ва узвияти онҳо дар ҳизбу созмонҳои расмии кишвар. Вале онҳо ба сиёҳкунии гуруҳи калони шаҳрвандон даст зада истодаанд, ки ягонагӣ ва ваҳдати миллиро халалдор месозад. “Узви ҲНИТ будани гумонбаршудаҳое, ки вақтҳои ахир аз тариқи телевизион бе қарори суд ҷинояткор эълон мешаванд, ба касе ҳуқуқ намедиҳад, ки ҳолатҳои ҷудогонаро ҳамчун ҷинояти гуруҳии ин ҳизб қаламдод кунанд. ҲНИТ дар Тоҷикистон ҷонибдорони зиёд дорад”, изҳор дошт Алим Шерзамонов.
Ба гуфтаи номбурда, имрӯз мақомоти тафтишотӣ ба ҷои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ба як сохтори сиёсиву таблиғотӣ табдил шудаанд. Агар узвияти ҳизбии тамоми ҷинояткорон, аз ҷумла ҲХДТ-ро аз тариқи телевизион эълом медоштанд, хеле хуб мебуд.
Раиси бахши ҲСДТ дар Бадахшон мегӯяд, ҷинояткороне, ки узви ҲХДТ мебошанд, кам нестанд. Вақте аъзои ин ҳизб ба амалҳое, мисли фасод, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои вазнин даст мезананд, бо сабабҳои маълум дар бораи ҳизбияти онҳо ҳарфе гуфта намешавад. Мисле, ки дастгоҳи давлатӣ пиар- компанияи сиёҳкуниро зидди ҳизбҳои мухолиф оғоз кардааст, ки сохтори ҳизбиро комилан фалаҷ намояд ва бо ин васила фазои дигарандешиву рақобати солими сиёсиро комилан маҳв ва шаҳрвандонро аз истифодаи минбарҳои сиёсӣ маҳрум созанд. Вале натиҷаи ин ҳама густариши фаъолияти нерӯҳои тундгаро дар кишвар аст.
Коршиносон мӯътақиданд, ки дар фарқ аз сохторҳои ҳукуматӣ аҳзоби сиёсии мухолиф мақомоти хос надоранд, то ҳангоми ворид шудани ариза барои дохилшавӣ ба ҳизб номзадро ҳаматарафа, минҷумла аз нигоҳи саломатии равонӣ бисанҷанд, ки оё ӯ баъди чанде ҷиноят содир мекунад ё на?!
Агарчи ҳукумат сохторҳои хос дорад ва ҳангоми хоста гирифтану ҷобаҷокунии кадрҳо аз тамоми воситаҳо истифода мебарад, кам набуданд касоне, ки бо суиистифода аз мансаб ба ҷиноят даст заданд. Аммо бо ин амали мансабдори алоҳида наметавон гуфт, ки ҳукумат ҳукумати ҷиноятпеша аст.
Бо вуҷуд, дар инҳисор қарор додани тамоми дастгоҳи ҳукуматӣ аз ҷониби як ҳизб чунин бардоштро дар ҷомеъа ба вуҷуд овардааст, ки дар тамоми қонунвайронкуниҳову ҷиноёт ҳизби ҳоким даст дорад. Ин падида дар аксари ҷомеъаҳои яккатоз таҳдид ба амнияти иҷтимоъиву сиёсист, ки натиҷаи он аз байн рафтани суботу оромӣ буда, оқибати чунин ҳизбҳои яккатоз чандон хуб ҳам набудааст.
Файзинисо Воҳидова дар маҷмуъ тамоми наворҳои пахшшударо нишонаи тарс аз Наҳзати Исломии Тоҷикистон медонад. Чун ҳукумат бо ин кор заъифии худро собит кард, ки ин ҳизб дар воқеъ барои онҳо мухолифи ашаддӣ мебошад ва тавони рақобат бо онро надоранд.

Шуҳрат Набиев

More From Author

You May Also Like