Донишгоҳи Алазҳари Миср тавлиди филми иҳонатомез ба Муҳаммад (с) паёмбари исломро маҳкум кард ва онро дастовезе барои эҷоди тафриқа ва даргирии мазҳабӣ тавсиф кард.
Ба гузориши “Аларабия”, Ҳизби озодӣ ва адолат, шохаи сиёсии “Ихвонулмуслимин” низ ин филмро талоше беҳудаву шикастхурда донист ва ҳадаф аз тавлиди онро эҷоди танишу фитна байни миллати Миср ба шумор овард.
Донишгоҳи Алазҳар тайи баёнияе эълом кард, ки судури фарохон барои эҷоди ҳараҷу мараҷ таҳти унвони “Рӯзи ҷаҳонии муҳокимаи Паёмбар (с)” аз сӯи бархе гурӯҳҳои ифротӣ, бемор ва кинатузро ба шиддат маҳкум мекунем.
Ҳамчунин дар баёния омадааст, ки ин афрод бо ин иқдоми худ мехоҳанд миёни мусалмонон ва дигра равияву мазҳабҳо ихтилоф андозанд. Дар ҳамин ҳол дуктур Алӣ Ҷумъу, муфтии Миср иқдоми қибтиҳои тундрав ва бозингарони филми иҳонатомезро маҳкум ва таъкид кард, ки ин филм ба миллионҳо мусалмон дар ҷаҳон тавҳин кард.
Дар давоми таъкидҳои худ, муфтии Миср аз мудофеъони ҳуқуқи башар, ниҳодҳои мазҳабӣ, оқилон, равшанфикрон ва мутафаккирон хост барои ҳифзи бародарӣ алайҳи нақзи ҳуқуқи башар ва иҳонат ба муқаддасоти адёни мухталиф мавзеъгирӣ кунанд, то ҷаҳон шоҳиди густариши фарҳанги ишқу муҳаббат ва бародарӣ бошад.
Дар робита ба ин 120 созмони масеҳии қибтӣ дар ҷаҳон бо ирсоли номае бо имзои раҳбарони худ аз ИМА хостанд, ки аз намоиши филм ҷилавгирӣ кунанд.