“Ба ҳар роҳе, ки бошад, мо тими футболи “Равшан”-ро дастгирӣ мекунем, ки ҳам дар бозии Ҷоми АФК ва ҳам дар чемпионати Тоҷикистон ширкат кунад. Тими “Равшан” воқеан командаи пурқувват асту Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард” – ин нуктаро Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёйҳии назди ҳукмати ҶТ имрӯз 17 – январ зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ба гуфтаи номбурда ингуна мушкилот метавонад дар дигар тимҳои футбол низ пеш ояд.
Ба таври мисол Неъматов аз тими футболи “Вахш” ёддовар шуд, ки қаблан ин тим низ то сарпараст пайдо карданаш ба чунин мушкилот бархӯрд дошт.
Маликшоҳ Неъматов иброз намуд, ки тими футболи “Равшан” низ сарпарасти худро пайдо хоҳад кард.