Баъд аз муроҷиат намудани Қурбонов Қурбоналӣ, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, ин шуъба аз боздошти гуруҳе хабар дод, ки дар Душанбе тариқи бозии “Алик-Малик”, бо фиреб маблағи шаҳрвандонро соҳиб мешудаанд.
ВКД мегӯяд, “ҳангоми дар бозори фурӯши мошинҳо дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт қарор доштани Қурбонов Қурбоналӣ шахсони номаълум ӯро ба бозии «Алик-Малик» даъват менамоянд. Қурбонов Қ. бозиро тамошо намуда, аз бозӣ кардан ба воситаи 3-адад стакани пластикӣ бо шарик даст мекашад. Аммо ташкилкунандагони бозӣ, ки шумораашон ба 5-6 нафар мерасид, ӯро ба ҳалқа иҳота карда, аз ҳамёни дар дасташ буда, ошкоро ва маҷбурӣ маблағи 700 доллари амрикоӣ ва 200 сомониашро гирифта, 1 адад стаканро медонистанд, ки дар дарунаш ҳеҷ чиз нест мекушоянд ва гуё бозиро бохта бошад гуфта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.”
Ба иттилои сомонаи расмии ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони ғоратгарӣ шаҳрвандон Шарипов Аҳмадҷон, Баротов Муродалӣ, Зокиров Воҳид, Раҳимов Фирдавс ва Кузаев Руслан дастгир карда шудаанд.
Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш бурда мешавад.