Categories ҶОМЕА

Дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам бояд посух бигӯяд

Низоми тестии дарёфти унвони дониҷӯ усулан кори хуб ва пешрафтааст, агар назокатҳои кору муносибат ба масъала муносифона ва шаффоф сурат бигиранд. Аммо таҷрибаи мазкур нишон дод, ки дар низоми яккаҳокимиятии Тоҷикистон ҳоло ҳам «президент»-ҳои кучак низ вуҷуд доштаанд ва тибқи хоҳиши хеш ҳатто дахолат ба кори ниҳоде мекунанд, ки ба дастгоҳи иҷроияи Президент мансуб аст. Ҳоло ин гуна дахолат баҳсҳоеро дар ҷомеъа ба бор оварда, ноқаноъатмандии иддае аз довталабонро ҷиҳати дарёфти номи донишҷӯ афзоиш бахшидааст.
Дар воқеъ, ин масъала як баҳси ҳуқуқист ва бояд дар додгоҳ матраҳ шавад, агар масъулини Маркази миллии тестӣ (ММТ) роҳи ҳалли мушкилро пайдо карда натавонанд. Чун онҳо аз ширкат дар озмуни тестӣ эълон доштанд, вале аз эҳтимолияти қабули иддае аз довталабон ба таври истисно кадом ишорае накарданд.
Ба ҳар ҳол, банда ба ин боварам, ки ин ҷо натанҳо ММТ муқассир аст, балки вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ ҳам ба худхоҳиҳои худ ҳуқуқи довталобонро барои соҳиб шудан ба номи донишҷӯ поймол кардааст. Дуруст аст, ки дар манотиқ ва навоҳии алоҳидаи кишвар мутахассиси ин соҳа намерасад. Вале нарасидани мутахассис ба вазири муҳтарам ҳақ намедиҳад, ки тибқи хоҳишоташ квотаи дохилшавӣ ба донишгоҳеро таъин намояд, агар ҳукумат ба ӯ чунин салоҳият дода бошад ҳам, онро бояд берун аз раванди озмуни тестӣ анҷом медод. Дар ҳоле ки чунин як амалкарди худхоҳона боиси аз доираи донишҷӯӣ канор мондани ҷавонони сазовор гардидааст.
Ба ҳар ҳол, ин ҷо танҳо иштибоҳ не, балки хиёнат сурат гирифтааст. Ва суол ин аст, ки чаро дар аввал ниҳоди навтаъсиси ММТ-ро марбути вазорати маъориф ва илм донистанд, вале чанде баъд онро ба тобеъияти дасгоҳи иҷроии Президенти ҶТ интиқол доданд? Агар сабаб назорати дурусти кор буд, пас дастгоҳи иҷроияи Президент ҳам муқассир аст.

More From Author

You May Also Like