Муҳибуллоҳи Қурбон, рӯзноманигор
nahzat.tj
Наход танҳо аз он сабаб, ки меҳмонони хайрхоҳ мусалмонанд, мизбон ба рӯи онҳо дарро бандад?
Одатан мехондем, ки ҳангоми ба офати табиӣ гирифтор шудани ин ё сарзамин созмонҳои башардӯстонаи ғарбиён аз ҳама пеш ба мақарри офат мерасиданд.
Аммо ин бор хабар нашр шуд, ки созмони хайрияи мусалмонон барои расонидани ёрӣ ба зарардидагони Амрико гурӯҳи мададгоронро фиристодааст. Созмони байналмилалии “Мадади исломиён” (Islamic Relief) ба иёлати амрикоии Ню-Ҷерси, ки аз тӯфони “Сэнди” зиёдтар зарар дидааст, наҷотдиҳандаҳоро фиристод, яъне, мусалмонони Шарқ ба мардуми офатзадаи Ғарб дасти мадад дароз кардааст.
Чи тавре сардори Ҷамоати таблиғии Покистон “Ҷамаат- ад-даъва” Ҳафиз Саид мегӯяд, ёрӣ ба мардуми осебрасидаи амрикоӣ ин вазифаи динӣ ва ахлоқии мусалмон аст. Ислом бар он даъват дорад, ки ба одамони гирифтори фоҷиа новобаста аз адёнашон бояд дасти мадад дароз карда шавад.
Мусалмонони худи Амрико низ ба ёрии ҳамватанони гирифтор расиданд. Яке аз бузургтарин ташкилоти хайриявии мусалмонони Амрико бо ном Бунёди закот эълон намуд, ки онҳо барои мардуми зарардидаи тӯфони “Сэнди” маблағ ҷамъ меоранд.
Аз шунидану мутолиаи ин хабар хеле хушнуд шудам, зеро чунин амал: мадади созмонҳои шарқӣ камтар рӯи хат меояд.
Тоҷикистон низ қурбони ҷанги мулкӣ буд, ки он боиси бисёр бадбахтиҳо гардида, ҳазорон мардум ба сафи камбизоатону бечорагон даромаданд. Ва даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои хайрия аз кишварҳои алоҳида, мисли Амрико, Олмон ва ғайра аз аввалинҳо шуда, ба кишвари ҷангзадаи мо омаданд. Ва солҳост, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бо нияти неки холисона ва ё ғаразнок даҳҳо ин гуна созмонҳои хайрияи аврупоиву амрикоӣ ва осиёии масеҳиён ва ё ғайридинӣ ба мардуми Тоҷикистон дасти мадад дароз карда меоянд. Махсусан, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шумораи чунин созмонҳо хеле зиёд буд. Яке гандум меовард, дигаре дорувор, саввумӣ хӯрокворӣ ва чорумӣ…адабиёти таблиғии масеҳӣ.
Ва ман намефаҳмидам ва ҳоло ҳам то охир нафаҳмидам, ки чаро чунин ташкилотҳо аз мамолики Шарқи мусалмон ва ҳам аз ҳар ҷиҳат ба мо наздиктаранд, ба истиснои як ташкилот хайрияи “Имдоди Хумайнӣ” аз Ҷумҳурии исломии Эрон, ки воқеан ҳам аз солҳои навадум дар Тоҷикистон фаъолият дорад, ба диёри мо намеомаданду намеоянд.
Ва ҳамеша маро чунин суол дар хаёл гардон буд, ки чаро аз ақаллан як давлати араб, ки ҳам дар сарват аз ҳамон аврупоиву амрикоӣ ва ё кореягӣ кам набуду нест, ба мо мадад намерасонад, ҳол он ки онҳо дар масофа ҳам ба мо назар ба дигарон наздиктаранд.
Чун аз ин мавзъ ба як дӯстам ҳарф задам, гуфт: “Баъзеҳо намехоҳанд, ки созмонҳои хайрияи исломӣ ба Тоҷикистон оянд…”
Наход танҳо аз он сабаб, ки меҳмонони хайрхоҳ мусалмонанд, мизбон ба рӯи онҳо дарро бандад?
Ман бовар накардам.