Categories ҶОМЕА

Истиқболи Сурия аз тавофуқоти Маскав ва Вошингтон

Шабакаҳои телевизионии арабӣ аз истиқболи Вазорати умури хориҷаи Сурия аз тавофуқоти Маскав ва Вошингтон дар бораи Димишқ хабар доданд.

Ба гузориши “Меҳр”, Алмаёдоин дар хабаре фаврӣ эълом кард, ки Вазорати умумри хориҷаи Сурия аз тавофуқи ахири Амрико ва Русия дар бораи буҳрони Сурия истиқбол мекунад.

Гуфтанӣ аст, дар сафари ахири Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Амрико ба Русия мақомоти ду кишвар бар сари баргузории Конфронси байналмилалӣ баро ҳалли буҳрони Сурия ва роҳкори сиёсӣ барои поёни буҳрони ин кишвар тавофуқ карданд.

Валид Муаллим, вазири хориҷаи Сурия аз пешниҳоди Амрико ва Русия барои ҳалли буҳрон ва поён додан ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар истиқбол кард. Дар баёнияи вазорати хориҷаи Димишқ бо ишора ба он чи ки “дӯстии нав” байни Вошингтон ва Маскав хонда шуда, аз рӯйкарди тозаи ду кишвар дар мавриди Сурия истиқбол шудааст.

Рӯзи сешанбеи гузашта Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Амрико дар сафараш ба Маскав ҳамроҳ бо Сергей Лавров, ҳамтои русии худ эълом кард, ду кишвар барои поён додани чанги дусолаи дохилии Сурия камар мебанданд.

More From Author

You May Also Like